Дар соли гузашта 21 мансабдор бо ҷурми тасарруфи амволи давлатӣ боздошт шуданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба дуздии амволи давлатӣ задаанд.

Дар ин бора рӯзи 13-уми феврал директори Агентии зидди фасод Султонзода Сулаймон Саид зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба расонаҳо иттилоъ дод. Ӯ аз мансадорони боздоштшуда, ҷуз Исматулло Абдуллозода номи каси дигареро набурд.

Султонзода зимни ироаи гузориш аз фаъолияти Агентӣ гуфт, ки дар соли гузашта аз байни 21 мансабдоре, ки бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми тасарруфи амволи давлатӣ боз шуда буд, парвандаи 20 нафари онҳоро ба додгоҳ фиристоданд. Аммо парвандаи Абдуллозода Исматуллоҳ, собиқ раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки бо дуздии беш аз 1 миллиард сомонӣ гумонбар мешавад, ба додгоҳ нафариситоданд.

Директори Агентии зидди фасод мегӯяд, азбаски Абдуллозода дороиҳояшро ба номи фарзандон ва хешу таборонаш сабти ном кардааст, ҷамъоварии маблағ душвор шудааст. Бинобар ин, Агентӣ тасмим гирифта, ки ба шарти набаромадан аз ҷои зист ӯро озод кунад, то тавонад маблағҳоро бозпас гардонад.

Абдуллозода, ки моҳи майи соли 2025 боздошт шуда буд, ба гуфтаи Султонзода, пас аз оне, ки бо шарти набаромадан аз ҷои зист озод карда шуд, то ҳол тавониста 94,3 млн. сомонӣ қарзашро пардохт кунад, 922 млн сомонӣ мабалғи пардохт накардааш боқӣ мондааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 12-уми феврал Мирзозода Рустам, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки 14 нафаре, ки ба парвандаи собиқ раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рабт доштанд, бо пардохти 217 млн сомонӣ озод шуданд.

Ба гуфтаи Султонзода, дар маҷмуъ дар соли 2025 барои назорати буҷети давлатӣ ин ниҳод 467 тафтишу санҷишҳо гузаронида, “ба маблағи 924,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки бо назардошти рӯёнидани бақияи зарарҳои соли қаблӣ – 951,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла 704,4 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 246,8 млн. сомонӣ ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ барқарор карда шудааст.”

Инчунин директори Агентии зидди фасод аз боздошти кормандони давлатӣ дар ниҳодҳои гуногун хабар дод, ки аксарашон дар дуздӣ, азонихудкунӣ ва изофанависӣ муттаҳам мешаванд. Аз ҷумла, мувофиқи омори ин ниҳод, танҳо дар ширкати “Барқи тоҷик” ва шабакаҳои тақсимоти барқ дар соли 2025 ҳудуди 50 ҷиноят содир шуда, ки дар пайи он 33 нафар аз кормандони он боздошт шудаанд.

Омори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баёнгари он аст, ки сатҳи фасод дар кишвар то рафт афзоиш меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Transparency International “Индекси дарки фасод”-ро барои соли 2025 нашр кард, ки Тоҷикистон бо гирифтани 19 хол аз 100 дар миёни 182 кишвари ҷаҳон дар ҷои 166-ум қарор гирифт.

Аммо Агентӣ ба ин шохиси байналмилалӣ вокуниш нишон дода, онро “арзёбии нодуруст ва ғайри воқебинона” хонд. Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи ин ниҳод гуфт, ки созмони Transparency International ҳангоми нашри гузориши “Индекси дарки фасод” кишварҳои ҳамсояро пурра баррасӣ карда, аммо Тоҷикистонро таҳлили пурра накардааст.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар Тоҷикистон ниҳодина шудааст. Аз як сӯ агар маоши пасту шароити душвор аксари мақомдорони тоҷикро ба чунин кор маҷбур созад, аз сӯи дигар назорати начандон қавӣ ва олуда будани худи нозирони фасод ба ришва дигаронро водор месозанд, ки даст ба дуздии амволи давлатӣ бизананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Насли Z ва инқилобе инқилобӣ

Замонаҳои душвор инсонҳои нерӯманд мепарваранд,Одамони нерӯманд зиндагии хубро...

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.