Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии “Гурӯҳи 24”, рӯзи 19-уми феврали соли 2026, соати тақрибан 21:00, як гурӯҳ намояндагони мақомоти қудратии Туркия ба манзили Зайд Бобоев дар Чанаккале рафта, ӯро ба самти номаълум бурдаанд.
Ин Ҳаракати сиёсӣ ҳамчунин навишта, ки тафсилоти иловагиро пас аз дақиқ намудани маълумот нашр хоҳад кард.
Гуфта мешавад, боздошти ин узви “Гурӯҳи 24” дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ дорои иқомати муваққатии кишвари Туркия буда, аз соли 2016 дар Туркия ба унвони паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ дорад ва номаш аз соли 2018 дар дафтари Комисарияти Олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон, ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ сабт гаштааст.

Зайд Бобоев дар гузашта низ аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт гардида буд. Аз ҷумла, ба ин фаъоли сиёсӣ рӯзи 23-уми январи соли 2023 боздошт ва ба маркази истирдоди интиқол ёфта буд.
Ҳамчунин мақомоти Туркия бори аввал Бобоевро бо дархости режими Раҳмонов моҳи августи соли 2024 боздошт намуда, беш аз 2 моҳ дар маркази истирдодии шаҳри Чанакалле нигоҳ дошта буданд.
Ёдовар мешавем, ки Суҳроби Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли 2024 ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов дар он ба қатл расида буд, беному нишон гашта буданд.
Дертар Додситонии кулли Тоҷикистон дар Душанбе будани онҳоро тасдиқ кард ва моҳи октябри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон Насимҷон Шариповро ба 20 ва Суҳроби Зафарро ба 30 соли зиндон маҳкум кард.
