Боздошти як марди тоҷик дар Абхозистон ба ҷурми ифротгарӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистони муқими Абхозистон бо иттиҳоми нашри муҳтавои ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ боздошт ва ба Русия бозгардонида шудааст.

Расонаи “kavkaz-uzel” гузориш медиҳад, ки ҳафтаи гузашта пулиси амнияти давлатии Абхозистон нафареро бо номи Каримхон Саидов, ки шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешавад, барои гумонбар будан ба анҷоми амали ифротгароӣ боздошт кард.

Ба гуфтаи мақомоти Абхазистон, Саидов дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои гуногун дар ҳимоят аз гурӯҳҳои радикалӣ ва тавҷеҳи амалҳояшон гузрштааст ва ӯ бо ин амалаш даст ба нафратпарокании мазҳабӣ задааст.

Ҳамчунин пулис мегӯяд, тафтишот мушаххас намуда, ки истиқомати Каримхон дар Абхозистон хилофи муқаррарот буда, асноди будубошаш мушкил доштааст ва бинобар ин, ӯ ба Русия ихроҷ шудааст.

То ҳанӯз назари гумонбар дар робита ба иттиҳоме, ки нисбаташ эълон шудааст, дастрас нест. Ва ҳамчунин маълум нест, ки нисбати ӯ дар Абхазистон ва ё Русия нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё на.

Мақомоти Русия пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол” ҳазорҳо шаҳрвнади Тоҷикистонро бо иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ ё будубоши ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ҳатто баъзе муҳоҷиронро бо ваъдаи додани шаҳрнвадӣ ба ҷанги Украина эъзом карда, ки хеле аз ҷавонон ҷони худро аз дастдоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.