Садҳо муҳоҷирро дар Маскав аз хобгоҳ ронданд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ, ки шуморашон ба садҳо нафар мерасад, шикоят доранд, ки онҳоро аз хобгоҳе дар шаҳри Маскав берун кардаанд.

Дар ин бора як муҳоҷири тоҷик наворе дар фазои маҷозӣ нашр карда ва мегӯяд, ки тақрибан 500 муҳоҷир аз як хобгоҳ дар шаҳри Маскав берун карда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто маблағе, ки барои иҷора пардохт карда буданд, ба онҳо баргардонида нашудааст.

Дар навор дида мешавад, ки муҳоҷирон бо ҷомадонҳояшон дар кӯча назди ин хобгоҳ ҷамъ шудаанд.

То ҳол сабаби дақиқи ин ҳодиса маълум нест ва рӯшан нест, ки бо кадом асос ин муҳоҷирон аз ҷойи зисташон хориҷ карда шудаанд. Ва ин ки кадом ниҳоди интизомӣ ин корро карда бошад ва ё дар пайи амалиёти махсус ба берун ронда шудаанд ё на, низ чизе гуфта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ин гуна ҳолатҳо бори аввал нест, ки бар сари муҳоҷирони корӣ дар Русия рух медиҳад. Муҳоҷирони корӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия солҳои охир борҳо аз фишор, таъқиб, мушкилоти ҳуқуқӣ, шароити душвори кор ва зист, инчунин муносибати зишти мақомоти рус шикоят мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.