Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик дар Саудӣ овора шудаанд

Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик ба сабаби доштани ҳуҷатҳои қалбакӣ дар сафари ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ сарсон шуда, аз сафорати Тоҷикистон дархости баргаштан ба Ватанро карданд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон 8-уми апрели соли 2026 бо нашри як изҳорот ин воқеаро ҳамчун амали қаллобӣ унвон кардааст.

Дар гузориши кумита гуфта мешавад, ки шахсони алоҳидае бо роҳи фиреб эътимоди зоиронро ба даст оварда, ба онҳо гуфтаанд, ки барои адои маросими ҳаҷ кумакашон мекунанд. Ин одамон ба зоирон бейҷиқҳое додаанд, ки ҳеҷ қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои мавсими ҳаҷҷи фарзии имсола кайҳо ба анҷом расида, ҳоло ҳеҷ як ширкати сайёҳӣ ё шахси миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надорад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло ин гурӯҳи шаҳрвандон дар ҳолати душвор қарор дошта, аз Кумитаи дин ва сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дархост кардаанд, ки барои баргаштан ба Ватан ба онҳо кумак расонанд.

Кумитаи дини кишвар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ваъдаҳои дурӯғи миёнаравҳо бовар накунанд ва дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо чунин ҳолат, ба намояндагони ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Ҷузъиёти бештари ин рухдод, вазияти кунунии зоирон ва ҳувият ё дастгирии қалллобон ва фиребгарон ҳануз хабаре нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.