16.9 C
Dushanbe

Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз  маблағгузориҳояш дар Тоҷикистон ҳисобот гирифт 

Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар Вашингтон мулоқот кард.

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, ноиби президент, котиби корпоративии Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Шерард Каупер-Коулз зимни мулоқот бо намояндаи тоҷик раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки бонки мазкур то соли 2025 бештар аз $410 млн барои онҳо ҷудо карда аст, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дод. 

Гуфта мешавад, вохурӣ рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шахри Вашингтони ИМА анҷом шудааст.

Чониби Точикистон дар ин ҷаласа иброз дошта, ки густариши ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад ва Тоҷикистон татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро идома медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мустақили байналмилалӣ ва бархе кишварҳо сатҳи фасод дар Тоҷикистонро хеле зиёд, густарда ва решаӣ дониста, ба сармоягузорон аз вуҷуди фасод дар тамоми сутуҳи идории кишвар ва маблағгузорӣ дар Точикистон ҳушдор медиҳанд.

Аз ҷумла, вебсайти расмии ҳукумати ИМА барои иттилоъ додан ба сармоягузорони ин кишвар, Тоҷикистонро кишваре, ки тақозои зиёде барои сармоя дорад ва дорои потенсияли рушд муаррифӣ мекунад, вале аз вуҷуди фасод дар тамоми лояҳои ҳукумат ва сахтгириҳои идорӣ ҳушдор медиҳад.

Тахлилгарон низ мегуянд, мақомдорони марбута ҳоло ба дунболи ҷалби бештари сармояи хориҷӣ хастанд, ки маъмулан аз чунин роҳҳо суди ҳангуфте насибашон мешавад, вале манофеи миллӣ барояшон чандон арзише надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” иттиҳомоти мақомоти Русияро сохта номид

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" пешниҳоди додситони вилояти Ивановоро дар бораи "ифротгаро" донистани ин созмон дар ҳудуди Русия "сохта" номид.

Баррасии гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

Дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева гузориши Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ шуд.

Афзоиши қурбониён дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба мактабҳои миёнаи Туркия

Рӯзҳои 14–15 апрел дар ду муассисаи таълимӣ дар Туркия ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дастикам 4 нафар кушта ва 36 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар Русия мехоҳанд “Гурӯҳи 24”-ро экстремистӣ эълон кунанд

Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар Русия манъ карда шавад.