Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тибқи маълумоти охирини радабандии байналмилалии Speedtest Global Index барои моҳи марти соли 2026, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ миёни 153 кишвар дар зинаи 117-ум қарор гирифт. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи гузашта чор зина боло рафтааст.

Суръати миёнаи интернет дар кишвар ба 45,10 Мбит/с барои боргирӣ ва 38,30 Мбит/с барои боргузорӣ расидааст, ки беҳтарин натиҷа дар панҷ соли охир арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2023 барои соҳа душвортарин давра ба ҳисоб мерафт он вақт суръати интернет ба 26,84 Мбит/с коҳиш ёфта, Тоҷикистон то зинаи 133-юм поин рафта буд. Аммо аз соли 2024 сар карда, тамоюли мусбат ба назар мерасад ва дар давоми ду сол мавқеи кишвар 16 зина беҳтар шудааст.

Бо вуҷуди ин, дар радабандии ахир маълумоти марбут ба интернети мобилӣ як сол боз нашр намешавад.

Дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Узбекистон пешсаф боқӣ монда, Қазоқистон ва Қирғизистон низ нишондиҳандаҳои нисбатан баланд доранд. Туркманистон дар ин гузориш зикр нашудааст.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад, Сингапур бо фарқияти назаррас пешсаф буда, баъдан Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҳонконг дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд.

Новобаста аз каме беҳтар шудани суръати интернет, бисёре аз истифодабарандагон дар Тоҷикистон ҳанӯз аз сифати пасти он, махсусан интернети мобилӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки нишондиҳандаҳои оморӣ на ҳамеша таҷрибаи воқеии истифодабарандагонро, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, пурра инъикос менамоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.