18.9 C
Dushanbe

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар ду рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон ду садамаи вазнини мошинҳо рух дод, ки дар натиҷа ду зан ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, садамаи ронандагии аввал 25-уми апрел, тахминан соати 15:00 дар ноҳияи Муъминобод рух додааст. Бар асоси ин гузориш, як мошини сабукрав, таҳти идораи Муҳаммадшои Давлатшои 35-сола, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Чилдухтарон ба самти маркази ноҳия дар ҳудуди деҳаи Дашти Ар-Арӣ аз идора баромада, ба ҷарии тақрибан 40-метра чаппа шудааст.

Дар натиҷа, мусофири мошин Мадина Хайруллои 28-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, худи ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шудааст.

Садамаи дуюм рӯзи 26-уми апрел, соати 12:00 дар километри 207-уми шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Тоҷикобод рух додааст. Дар ин ҳодиса ду мошини сабукрав бо ҳам бархӯрдаанд.

Дар пайи ин садама, мусофири яке аз мошинҳо Юсупова Кибриёи 52-сола, сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона фавтидааст. Ҳамчунин, мусофири дигар Муҳтоҷов Ёрибеги 30-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нисбат ба ҳарду ҳодиса парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мақомот бори дигар аз ронандагон даъват мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ, бахусус дар фасли баҳор, қоидаҳои ҳаракатро риоя намуда, аз суръати баланд ва беэҳтиётӣ худдорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.

Мулоқоти Ироқчӣ бо Путин. Теҳрон аз Маскав чӣ мехоҳад?

Рӯзӣ 27-уми апрели соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард.