25.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Ироқчӣ бо Путин. Теҳрон аз Маскав чӣ мехоҳад?

Рӯзӣ 27-уми апрели соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Президенти Русия, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки Путин дар оғози мулоқот таъкид намуда, ки муносибатҳои Русия ва Эрон хусусияти стратегӣ дошта, дар солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ ҳамкории фаъол доранд ва мавқеъҳояшон дар бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ ба ҳам наздик аст.

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ишора карда, гуфта, ки сарфи назар аз таҳримҳо ва фишорҳои хориҷӣ, гардиши мол миёни ду кишвар афзоиш ёфтааст ва ҳоло ҳам ҳамкориҳои тиҷоратӣ идома доранд.

Дар навбати худ, Ироқчӣ низ таъкид карда, ки Теҳрон ба тавсеаи муносибатҳо бо Маскав аҳамияти вежа медиҳад. Ӯ изҳор дошт, ки ҳамкориҳои ду кишвар фаротар аз равобити дуҷониба буда, масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро низ дар бар мегиранд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои амниятӣ ва равандҳои геополитикии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо зарурати ҳамоҳангсозии талошҳоро барои таъмини субот таъкид карданд.

Сафари Ироқчӣ ба Маскав пас аз сафарҳои ӯ ба Покистон ва Уммон сурат гирифт. Ин сафарҳои ҳайати Эрон ба кишварҳои минтақа ва Русия дар шароите сурат мегирад, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико боло рафта, музокироти сулҳ ба бунбаст наздик шудааст.

Таҳлилгарон ин сафарҳоро танҳо як мулоқоти протоколӣ намедонанд, балки, ба назари онҳо, ин сафарҳо дар пасманзари таҳаввулоти ҷиддии геополитикӣ сурат мегиранд. Аз ҷумла, Эрон талош дорад аз Русия ҳимояти сиёсӣ ва дипломатии бештар ба даст орад.

Ҳамзамон, расонаҳои ғарбӣ менависанд, ки ин Теҳрон чун Маскавро пуштибони муҳими дипломатии худ мебинад, бо талаби таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ аз ин кишвар ҳимоят ва ҷуръати бештарро, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва иттилоотӣ мехоҳад.

Бо вуҷуди ин, баъзе таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Русия дар баробари Эрон эҳтиёткорона амал мекунад ва аз даргирии мустақими низомӣ канорагирӣ мекунад, то тавозуни муносибатҳояшро бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нигоҳ дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаҳои нав дар Русия барои онҳое, ки шаҳрвандӣ мегиранд

Ҳукумати Русия қоидаҳои гирифтани кумакпулии кӯдаконро барои онҳое, ки аз ин ба баъд шаҳрвандии ин кишварро ба даст меоранд, сахттар кард.

Тафсилоти нав аз парвандаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”

Расонаҳои давлатии Русия гузориши тоза аз ҷараёни тафтишоти ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав нашр кардаанд.

Дар соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Дар се моҳи аввали соли 2026 омори ҷиноятҳои вазнин дар саросари кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.