Қоидаҳои нав дар Русия барои онҳое, ки шаҳрвандӣ мегиранд

Ҳукумати Русия қоидаҳои гирифтани кумакпулии кӯдаконро барои онҳое, ки аз ин ба баъд шаҳрвандии ин кишварро ба даст меоранд, сахттар кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Ҳукумати Русия, бар асоси тартиботи нав, ба шахс ҳуқуқ ба гирифтани кумакпулии ҳармоҳа танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки ӯ дар қаламрави ин кишвар на камтар аз панҷ сол ҳамчун шаҳрванд ба таври доимӣ зиндагӣ карда бошад. Ин меъёр ба занони ҳомила ва ба оилаҳое дахл дорад, ки фарзандони то 17-сола доранд ва ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд.

Дар қарор инчунин зикр шудааст, ки агар мақомоти Фонди иҷтимоии Русия маълумот дар бораи гирифтани шаҳрвандиро тасдиқ карда натавонанд, ба довталаб кумакпулӣ дода намешавад.

Дар баробари ин, қарор чанд истисноҳоро низ пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, талаби панҷ соли иқомат ба шахсоне татбиқ намешавад, ки шаҳрвандиро аз рӯи таваллуд гирифтаанд.

Аз ин талабот ҳамчунин иштирокчиёни барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва аъзои оилаҳои онҳо, иштирокчиёни амалиёти махсуси ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо, собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ ва он афроде, ки бо тартиби махсус ҳамчун шаҳрвандони Русия эътироф шудаанд, мисли сокинони Донетск, Луганск, Херсон ва Запороже озод мебошанд.

Бояд гуфт, қоидаҳои нав аз 1-уми апрели соли 2027 ба иҷро медарояд ва ҳаҷми кумакпулии ҳармоҳа барои кӯдакони то 17-сола мисли пешин 50 дарсади ҳадди ақали зиндагии кӯдак дар минтақа боқӣ мемонад.

То ин муддат, мисли пештара кумакпулии ягона ба ҳамаи шаҳрвандони Русия ва новобаста аз муҳлати доштани шаҳрвандӣ таъйин хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ташаббуси сахттар кардани талабот ба таъйини кумакпулӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия пешниҳод шудааст.

Ба иддао Вазорати меҳнат, ин тағйирот ба такмили низоми дастгирии иҷтимоӣ равона гашта, он аз ҳолатҳое пешгирӣ мекунад, ки шахс танҳо барои гирифтани кумакпулиҳо мехоҳад шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ҳадафи асосии Ҳукумати Русия дигар буда, мақомот мехоҳад шаҳрвандони навро бештар ба ҷанги зидди Украина ҷалб кунад, чун талаби панҷ соли иқомат ба иширокчиёни он татбиқ намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...