18.9 C
Dushanbe

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои расмӣ, истифодаи тиҷоратии CASA-1000 тобистони соли 2027 оғоз мешавад. Рӯзи 28-уми апрел зимни мулоқотҳои корӣ бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, намояндагони ширкати “Da Afghanistan Breshna Sherkat”, Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати паёмонкори “Kamani Engineering Corporation” раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ, масъалаҳои техникӣ ва молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бар асоси маълумоти нашршуда, корҳои сохтмонӣ дар қаламрави Афғонистон баҳори соли 2027 ба анҷом расида, баъдан лоиҳа ба марҳилаи тиҷоратӣ ворид мегардад. Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон таъмин мекунад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Файзалӣ Идизода дар робита ба масъалаи маблағгузории иловагии лоиҳаи CASA-1000 низ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, дар нишасти имрӯзаи вакилон созишномаҳои қарзӣ ва иҷораи пешакӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба ҷалби маблағҳои иловагӣ барои идомаи татбиқи лоиҳа муҳокима ва тасдиқ шуданд.

Ба гуфтаи мақомот, татбиқи CASA-1000 барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дошта, ба густариши содироти нерӯи барқ, афзоиши даромади молӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia–South Asia) бори аввал дар солҳои 2000-ум ҳамчун ташаббуси ҳамгироии энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ пешниҳод гардид, аммо корҳои амалии он соли 2016 оғоз шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур интиқоли барқи изофии мавсимӣ аз кишварҳои дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ — Тоҷикистон ва Қирғизистон — ба кишварҳои дорои камбуди нерӯи барқ, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон мебошад.

Дар доираи лоиҳа бунёди зиёда аз 1 300 километр хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои конверторӣ пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии он тақрибан 1,2 миллиард доллар гуфта мешавад, ки бо қарз ва грантҳо аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молӣ сармоягузорӣ мешавад.

Қарор аст, пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ва ворид шудан ба марҳилаи тиҷоратӣ дар соли 2027, лоиҳа имкони содироти то 1,3 гигаватт нерӯи барқро дар як сол хоҳад дошт.

Аммо ин дар ҳолест, ки ҳамасола Тоҷикистон дар фасли зимистон ба мушкилии ҷиддии интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ мушкилӣ мекашад ва наметавонад аҳолиро бештар аз чор соат бо барқ таъмин кунад. Бар асоси маълумоти расмӣ, ки аз забони худи мақомот аввали соли ҷорӣ дар нишастҳои матбуотӣ садо дод, Тоҷикистон зимистони соли гузашта аз Узбекистон ва Қирғизистон бештар аз барқи захиравияш барқ харид.

Суоли коршиносон ҳам ин аст, ки чӣ гуна Ҳукумати Тоҷикистон метавонад барқи изофияшро ба дигар кишварҳо содир кунад, дар ҳоле ки беш аз 30 сол аст натавониста мушкили барқро дар дохили кишвар ҳал кунад. Дар оғози ҳар фасли тирамоҳ, ки “лимит” оғоз мешавад, мақомот камбуди захираҳои об дар обанборҳоро баҳона меоранд ва бо ин баҳона ба аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар як шабонарӯз 2-4 соат барқ дода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Мулоқоти Ироқчӣ бо Путин. Теҳрон аз Маскав чӣ мехоҳад?

Рӯзӣ 27-уми апрели соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард.