Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе метро месозад

Мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони метрои Душанбе бо “Эксимбонк”-и Кореяи Ҷанубӣ гуфтугӯ карданд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳайате бо роҳбарии муовини аввали вазири нақлиёт Неъматзода Фаррух зимни сафари расмӣ ба шаҳри Сеул дар робита ба ҷалби сармоя барои сохтмони метро дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯриҳо роҳбарияти Бонки содиротию воридотии Корея (Эксимбонк) ва намояндагони Тоҷикистон бар иловаи баррасии лоиҳаи метрои Душанбе инчунин роҳҳои маблағгузории тарҳҳои бузурги зерсохтории дигарро низ баррасӣ карданд.

Вазорати нақлиёти кишвар тарҳи метрои пойтахтро яке аз лоиҳаҳои калидии рушди зерсохтори нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мекунад. Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба навсозии шабакаҳои роҳу нақлиёт, рушди бахши логистика ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосирро мавриди гуфтугӯ қарор додаанд.

Бар асоси иттилои манбаъ, дар мулоқот зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои хориҷӣ барои рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистон таъкид гардидааст. Ду тараф омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз доштаанд.

Аз ин пеш мақомоти Тоҷикистон соли 2025 бо ширкатҳо ва ниҳодҳои молиявии Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди сохтмони метрои Душанбе ба мувофиқа расида буданд. Бар асоси тарҳи пешниҳодшуда, метрои пойтахт аз се хат иборат хоҳад буд, ки аз минтақаи Сирки давлатӣ оғоз шуда, ба самти дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии шаҳр идома меёбад.

Бо вуҷуди ин, масъулон мегӯянд, масъалаи оғози сохтмон ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Дар нишастҳои матбуотии имсола вақте аз вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ин мавриид пурсида шуд, гуфта буд, ки дар ин маврид сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Вале таъкид кард, ки корҳои техникӣ ва иқтисодии тарҳ бояд дар моҳҳои наздик анҷом ёбанд ва танҳо баъд аз он масъалаи амалии сохтмон баррасӣ хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.