Танишҳо байни Амрико ва Эрон дар тангаи Ҳурмуз. Ҷанг боз шуруъ шуд?

Шаби 7-уми ба 8-уми май расонаҳо аз рух додани даргириҳо ва табодули оташ дар тангаи Ҳурмуз хабар доданд. Бино ба гузоришҳо, дар ин ҳодиса чанд киштӣ ва минтақаҳои соҳилии Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Шомгоҳи панҷшанбе расонаҳои эронӣ аз шунида шудани садои инфиҷорҳо дар Бандараббос ва ҷазираи Қишм хабар доданд. Баъдтар хабаргузории “Форс”-и Эрон гуфт, ки садои инфиҷорҳо ба сабаби даргирӣ бо дифои ҳавоии бо ду ҳавопаймои амрикоӣ будааст.

Пас аз ин ҳодиса, Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё маркази идораи ҷанги Эрон бо нашри изҳорот Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба вайрон кардани оташбас муттаҳам кард. Ин ниҳод иддао намуд, ки ба як киштии нафтии Эрон дар наздикии бандари Ҷаск аз ҷониби Амрико мавриди ҳамла қарор гирифт. Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои эронӣ ба ин ҳамлаҳо посухи низомӣ додаанд.

Аммо Фармондеҳии марказии Амриок зимни нашри изҳороте Эронро ба нақзи оташбас муттаҳам карда, гуфт, ки нерӯҳои дарёии ин кишвар ба сӯи киштиҳои низомии Амрико дар тангаи Ҳурмуз мушак ва паҳпод партоб карданд.

Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки оташбас миёни ду кишвар ҳанӯз побарҷо боқӣ мемонад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон бояд ҳарчи зудтар ба созиш бирасад ва тавофуқномаро имзо кунад, дар акси ҳол бо фишори сахттари низомӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ба гузориши расонаҳо, ҳоло вазъият дар минтақаи Ҳурмуз ҳассос боқӣ монда, то ҳол ҳеҷ як аз иддаоҳо ба таври мустақил тасдиқ нашудаанд, ки аввал кӣ оташ кушодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...