19.9 C
Dushanbe

Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари бидуни раводидро роҳандозӣ карданд

Аз 11-уми майи соли 2026 байни Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари дуҷонибаи бидуни раводид расман мавриди амал қарор гирифт. Акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд бидуни гирифтани виза ба қаламрави якдигар сафар кунанд.

Тибқи созишномаи нави байни ду кишвар, шаҳрвандони Русия ва Арабистони Саудӣ ҳақ доранд то 90 рӯз дар давоми як сол барои ҳадафҳои сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва ё дидор бо наздикон дар кишвари ҳамдигар бимонанд. Созишнома ҳамаи навъҳои шиносномаҳо, аз ҷумла дипломатӣ, хидматӣ ва одиро дар бар мегирад.

Ба иттилои расонаҳои Саудӣ, Русия нахустин кишваре мебошад, ки Арабистони Саудӣ бо он низоми дуҷонибаи лағви раводидро барои дорандагони шиносномаҳои одӣ ҷорӣ мекунад. Ин иқдом ҳамчун бахше аз густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва гардишгарӣ байни Маскав ва Риёз арзёбӣ мешавад.

Дар айни замон, мақомот таъкид кардаанд, ки ин низом ба сафарҳои корӣ, таҳсил, иқомати доимӣ ва инчунин адои маросими Ҳаҷ татбиқ намешавад ва барои чунин сафарҳо ҳамоно гирифтани раводиди махсус зарур хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хеле аз муҳоҷирони зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, шаҳрвнадии ин кишварро ба даст оварданд. Ва бо шунидани ин хабар изҳори умедворӣ мекунанд, ки дар оянда сафар барои ибодати умра ва саёҳати Арабистони Саудӣ барояшон осонтар хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Беш аз $100 млн сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ба соҳаи кишоварии Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ имсол дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 108 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 11-уми май бо як сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд.

Латтукӯби кӯдак дар кӯдакистон аз ҷониби мақомот таҳқиқ мешавад

Мақомоти Душанбе пас аз паҳн шудани навори латтукӯби як кӯдак дар кӯдакистони пойтахт таҳқиқотро оғоз карданд.

Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.