30.9 C
Dushanbe

Русия дар пайи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ бо Толибон аст

Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, эълом кардааст, ки Маскав дар ҳоли барқарор кардани “ҳамкории ҳамаҷониба” бо ҳукумати Толибон мебошад. Ҳамчунин ин мауомдори рус кишварҳои минтақаро ба густариши ҳамкорӣ бо Кобул ташвиқ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Шойгу гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон барои таъмини амният ва рушди минтақа аҳамияти калидӣ дорад.

Ӯ афзудааст, ки Русия бо Толибон “гуфтугӯи амалгароёна” роҳандозӣ кардааст, ки бахшҳои амниятӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва кумакҳои башардӯстонаро дар бар мегирад.

Ин изҳорот дар нишасти мақомоти амниятии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) садо додааст. Ин созмон аз кишварҳое чун Тоҷикистон Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ иборат аст.

Шойгу ҳамчунин дар нишасти ин созмон пешниҳод кардааст, ки “гурӯҳи тамоси Созмони Ҳамкории Шанхай бо Афғонистон” дубора фаъол карда шавад.

Ҳамзамон, як ҳайати баландпояи ҳукумати Толибон барои ширкат дар нишасти Қазон — пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия — ба ин кишвар сафар кардааст.

Дар солҳои охир муносибатҳои Русия ва Толибон тадриҷан густариш ёфта, Маскав талош дорад нақши фаъолтаре дар таҳаввулоти Афғонистон ва амнияти минтақа дошта бошад.

Аммо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон агарчи бо Толибон муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун доранд, вале ошкор аз муносибатҳои дипломатӣ ҳарф намезананд ва то ҳанӯз ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.

Боздошти як пирамрди 79-солаи рус дар Лаҳистон бо иттиҳоми таҳдид ба амният

Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи "Вор в законе" маъруф будааст, боздошт шуд.

Аз гуфтушунидҳои сатҳи баланди Амрикову Чин чӣ ҳосил мешавад?

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 13-уми май бо як ҳайати бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Чин сафар кард.

Думаи давлатӣ маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон тасвиб кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 13-уми май ду лоиҳаи қонунро дар қироати аввал қабул кард, ки қоидаҳои муҳоҷиратиро дар ин кишвар сахттар мекунанд.