Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пас аз эълони коҳиши ҳузури низомии кишвараш дар Аврупо, дирӯз изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад. Ин тасмим нигарониҳоро дар мавриди ояндаи амнияти Аврупо бештар кардааст.

Трамп ин тасмимро дар саҳифаи ҷамъиятии худ дар “Truth Social” нашр кардааст. Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, қарор дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Лаҳистон чанде пас аз изҳороти қаблии Пентагон садо дод, ки дар он гуфта мешуд интиқоли як дастаи низомии зиреҳпӯши амрикоӣ ба ин кишвар муваққатан қатъ шудааст.

Манбаъҳо менависанд, ки вазири дифои ИМА Пит Ҳегсет қаблан аз муттаҳидони аврупоӣ интиқод карда, изҳор дошта буд, ки онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ ба таври кофӣ дар канори Вашингтон қарор надоштанд.

Ин тасмим дар ҳоле садо медиҳад, ки аввали ҳамин моҳ Доналд Трамп дар пайи як баҳси лафзӣ бо садриаъзами Олмон Фридрих Мертз таҳдид карда буд, ки 5 ҳазор сарбози амрикоиро аз Олмон берун хоҳад кард. Дар иваз, Трамп мегӯяд, ки ба далели муносибатҳои хуби шахсиаш бо президенти ростгарои Лаҳистон Карол Навротский — ки ӯро “дӯсти азиз”-аш номид — нерӯҳои иловагияшро ба Лаҳистон мефиристад.

Ҳоло маълум нест, ки оё сарбозони нав аз нерӯҳои мавҷуда дар дигар кишварҳои аврупоӣ интиқол меёбанд ё ИМА воқеан ҳузури низомии худро дар ин қитъа афзоиш медиҳад.

Таҳлилгарони сиёсӣ бар ин боваранд, ки ин гуна қарорҳои ногаҳонӣ ва якҷонибаи ҳукумати кунунии Амрико обрӯ ва эътибори ин кишварро дар миёни муттаҳидони аврупоиаш ба шиддат коҳиш медиҳад. Ин тағйири мавзеъҳои пайваста кишварҳои аврупоиро дар робита ба амнияти минтақа, муноқишаҳои ҷаҳонӣ ва ҷанги Украина дар ҳолати саргардонӣ боқӣ мегузорад.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳанӯз мушаххас нест, ки ин сиёсати эҷоди муноқишаҳо бо дӯстону душманон як қисми стратегияи дарозмуддати ИМА аст ё танҳо аз хоҳишҳои шахсии ҳокимони имрӯзаи Вашингтон сарчашма мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...