Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.

Бино ба иттилои расмии ин ниҳод, Дилрабо Амироваи 38-сола бо ҳадафи ба даст овардани манфиати молиявӣ, хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтаашро, ки дар кӯчаи Н. Қарабоев воқеъ аст, дар ихтиёри нашъамандон гузоштааст.

Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия соҳиби нашъахона ва чанд тани дигар, аз ҷумла Фирдавс Ниёзов, Сайдалӣ Одинаев ва ду ноболиғ — Хайринисо Каримова ва Сабрина Аҳмадиеваро ҳангоми истеъмоли маводи мухаддир бо далелҳои шайъӣ дастгир карданд. Зимни кофтуков аз боздоштшудагон маводи мухаддири навъи “метамфетамин” ва “ҳашиш”, инчунин таҷҳизоти махсуси истеъмоли он дарёфт ва мусодира шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки нисбати соҳибмулки хона низ барои ба нашъамандон вогузор кардани манзил чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Дар ҳоли ҳозир, вобаста ба ин ҳодиса маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Мақомот то ҳол назари худи боздоштшудагон ё вакилони мудофиаи онҳоро расонаӣ накардаанд.

Коршиносон ва таҳлилгарон сабаби асосии афзоиши истифодаи маводи мухаддир ва машруботи спиртиро дар байни ҷавонони тоҷик ба мушкили бекорӣ, сатҳи пасти маърифат ва маҳдуд шудани дастрасии онҳо ба таълимоти дурусти динӣ дар масоҷид рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.