Сафорати ИМА: Донишҷӯёни дорои раводиди F аз гаравпулӣ озоданд

10-уми июни соли ҷорӣ Сафорати Амрико дар Душанбе дар саҳифаи фейсбукияш эълон кард, шаҳрвандоне, ки барои гирифтани раводиди донишҷӯии навъи F ё М муроҷиат мекунанд, гаравпулии раводидро пардохт намекунанд.

Ин тавзеҳ дар ҳоле нашр мешавад, ки барномаи “Visa Bond Pilot Program” ё гаравпулӣ барои баъзе довталабони раводиди Амрико аз моҳи августи соли 2025 оғоз гардида, баъдан ба як қатор кишварҳо густариш дода шуд. Тибқи ин барнома, баъзе муроҷиаткунандагони раводидҳои сайёҳӣ ва тиҷоратии навъи B1/B2 метавонанд муваззаф шаванд аз 5 ҳазор то 15 ҳазор доллари амрикоӣ гаравпулӣ супоранд. Маблағ пас аз риояи шартҳои раводид ва тарки саривақтии ИМА баргардонида мешавад.

Сафорати Амрико таъкид кардааст, ки ин талабот ба донишҷӯёни дорои раводидҳои таҳсилии F татбиқ намегардад. Қаблан низ барои кишварҳое, ки ин барнома ҷорӣ шудааст, мақомоти амрикоӣ шарҳ додаанд, ки дорандагони раводидҳои F ё M (таҳсилӣ) ва инчунин баъзе барномаҳои мубодилавии J аз пардохти гаравпулӣ озод мебошанд.

Донишҷӯён мегӯянд, ки ин имтиёз барои садҳо довталаби тоҷик, ки қасди таҳсил дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии Амрикоро доранд, муҳим аст.

Бо вуҷуди ин, шаҳрвандоне, ки барои гирифтани раводидҳои сайёҳӣ ё тиҷоратии B1/B2 муроҷиат мекунанд, бояд пеш аз мусоҳиба шартҳои ҷории раводидиро аз манбаъҳои расмии Амрико санҷанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...