Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар ноҳияи Клевеи ин кишвар боздошт карданд.

Сабаби боздошти онҳоро Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар мушкил дар санадҳои иқомат ва поён расидани муҳлати зист гуфтаанд.

Аммо худи Бобоев аз боздоштгоҳи ин хадамот ба Радиои Озодӣ гуфта, ки дар сурати истирдод ӯ ва аъзои хонаводааш ба Тоҷикистон эҳтимол мавриди шиканҷа ва фишору зиндон қарор гиранд.

Ба гуфтаи Асадулло Бобоев ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мавқеи худро баён намуда, дар Душанбе нисбаташ бо иттиҳоми тундгароӣ парванда боз кардаанд.

Барои исботи ин гуфтаҳо Додгоҳи Олмон ба ӯ то 1-уми июл муҳлат додааст ва дар сурати исбот накардани бегуноҳияш ӯ ва писарашро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард.

Чанде пеш ҳамсари Бобоев Мастона Файзуллоева ва духтарашро ба фурудгоҳ бурда мехостаанд ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Ба гуфтаи ҳамсари ин паноҳҷӯйи тоҷик, агар дар фурудгоҳ доду вой намекард ва намегуфт, ки мақомот дар Тоҷикистон хонаводаашро бо фишору таъқиб шиканҷа мекунанд, онҳоро ба Тоҷикистон мефиристоданд.

Гуфта мешавад, Асадулло Бобоев ҳамроҳи зану фарзандонаш соли 2017 Тоҷикистонро тарк карда, тавассути Литва ба Олмон рафтааст ва аз он замон дар ноҳияи Клевеи ин кишвар зиндагӣ мекарданд.

Бояд гуфт, мақомоти Олмон узви дигари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Дилмурод Эргашевро, ки 13 сол дар шаҳри Клеваи Олмон зиндагӣ карда ва паноҳҷӯй буд, моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон фиристод ва Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.