Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.

Сабаби боздошти онҳоро Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар мушкил дар санадҳои иқомат ва поён расидани муҳлати зист гуфтаанд.

Аммо худи Бобоев аз боздоштгоҳи ин хадамот ба Радиои Озодӣ гуфта, ки дар сурати истирдод ӯ ва аъзои хонаводааш ба Тоҷикистон эҳтимол мавриди шиканҷа ва фишору зиндон қарор гиранд.

Ба гуфтаи Асадулло Бобоев ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мавқеи худро баён намуда, дар Душанбе нисбаташ бо иттиҳоми тундгароӣ парванда боз кардаанд.

Барои исботи ин гуфтаҳо Додгоҳи Олмон ба ӯ то 1-уми июл муҳлат додааст ва дар сурати исбот накардани бегуноҳияш ӯ ва писарашро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард.

Чанде пеш ҳамсари Бобоев Мастона Файзуллоева ва духтарашро ба фурудгоҳ бурда мехостаанд ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Ба гуфтаи ҳамсари ин паноҳҷӯйи тоҷик, агар дар фурудгоҳ доду вой намекард ва намегуфт, ки мақомот дар Тоҷикистон хонаводаашро бо фишору таъқиб шиканҷа мекунанд, онҳоро ба Тоҷикистон мефиристоданд.

Гуфта мешавад, Асадулло Бобоев ҳамроҳи зану фарзандонаш соли 2017 Тоҷикистонро тарк карда, тавассути Литва ба Олмон рафтааст ва аз он замон дар шаҳри Крайс Клевеи ин кишвар зиндагӣ мекарданд.

Бояд гуфт, мақомоти Олмон узви дигари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Дилмурод Эргашевро, ки 13 сол дар шаҳри Клеваи Олмон зиндагӣ карда ва паноҳҷӯй буд, моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон фиристод ва Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи "форсӣ" аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи вежаи президенти Амрико

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Ҳамлаи ҷадиди Амрико ба Эрон: Тангаи Ҳурмуз баста шуд

Шаби 10-уми июни соли ҷорӣ нерӯҳои низомии Амрико ба хоки Эрон дигарбора ҳуҷумро оғоз карданд.

Баҳси меросии блогер ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт

Шаҳноза Шарипова, блогери тоҷик дар наворе аз баҳси хонаводагии худ нақл карда, бародаронашро гунаҳкор меҳисобад.