Воқеъияти ҷаҳон, бахусус минтақа ин аст, ки кишварҳои кӯчаке мисли Тоҷикистон наметавонанд сиёсати мустақил дошта бошанд ва таҳти таъсири қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор нагиранд.
_________________________________
Ҳаводис ва воқеъиятҳои ахири минтақа ва ҷаҳон аз тағйироти бунёдӣ дар ояндаи наздик дарак медиҳанд ва Тоҷикистон ҳам аз гирдоби тағйиротҳо дар минтақа берун нахоҳад монд, балки метавонад дар маркази он қарор гирад. Шаклгирии иттиҳодҳои сиёсиву низомии нав, тағйири ҷойгоҳи қудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақа ва тақвияти қудратҳои минтақавӣ наметавонанд дар ояндаи минтақа бетаъсир бошанд. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари минтақа камобеш мавқеъи ояндаи худро муайян кардаанд, Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас накарда, ки дар тақсимоти тақрибан ногузири нави ҷаҳон куҷои он хоҳад буд.
Русия, ки дусад соли ахир минтақаро таҳти контрол дошт, босуръат мавқеъашро аз даст медиҳад. Танҳо ду ҳодисаи ахир, ки дар чанд рӯзи гузашта иттифоқ афтод – чархиши якбораи Арманистон ба самти Ғарб ва вуқуъи таркишҳо дар қалби Маскав барои хулосабарорӣ кофист: нуфузи Русия коҳиш ёфтааст ва баъди Қафқоз ҷойи пояш дар Осиёи Марказӣ ҳам тангтар хоҳад шуд. Агар қаблан дар минтақа рақибе надошт, минбаъд танҳо яке аз чаҳор ё панҷ қудратҳое хоҳад буд, ки барои нуфуз дар минтақа талош мекунанд.
Воқеъияти ҷаҳон, бахусус минтақа ин аст, ки кишварҳои кӯчаке мисли Тоҷикистон наметавонанд сиёсати мустақил дошта бошанд ва таҳти таъсир, нуфуз ё ҳимояи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор нагиранд. Амалкарди кишварҳои дигари минтақа гувоҳи ин аст, ки онҳо ин воқеъиятро дар назар гирифтаанд ва барои ояндаи нав омода мешаванд. Тоҷикистон ҳам ногузир ва ҳарчи сареътар бояд мавқеъашро муайян созад, то Худо накарда дар маркази гирдоби тағйирот қарор гирад.
Русия
Ҳузури бузургтарин пойгоҳи Русия, ҳузури беш аз ду миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ва вобастагии иқтисоди кишвар аз пули ин муҳоҷирон, таъсири Русия дар мақомот, бахусус мақомоти қудратии Тоҷикистон омилҳое ҳастанд, ки Тоҷикистонро таҳти таъсир ва нуфузи Русия нигоҳ медорад. Аммо ин омилҳо бо суръат заъиф мешаванд ва доранд аз омили амният ба омили хатар табдил мегарданд.
Агар қаблан ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон кафолати амният талаққӣ мешуд, ҳаводиси ахир нишон дод, ки ҳузури пойгоҳи хориҷӣ, ҳатто агар он хориҷӣ абарқудрат аст, бештар дигар кафили амният набуда, ҳатто имкони ноамнӣ дорад:
- 1. Пойгоҳи 102-и Русия дар Арманистон, вобастагии комили артиши ин кишвар ба силоҳу мактаби низомии русӣ натавонист аз шикасти шармандавори он аз Озарбойҷон ва барои ҳамеша аз даст додани Қарабоғи Кӯҳи ҷилавгирӣ кунад. Баръакс такя ва умеди Арманистон ба ин пойгоҳ сабаби асосии ин шикаст шуд.
2. Пойгоҳҳои абарқудраттарин кишвари ҷаҳон дар кишварҳои арабии Халиҷи Форс на танҳо натавонист аз ин кишварҳо ҳимоя кунад, балки боиси харобиҳо дар онҳо гашт ва мавқеъи онҳо дар минтақаро бамаротиб заъифтар сохт. Ҳоло ин кишварҳо маҷбуранд ба ҷои Амрикову Исроил ба Эрон ғаромат пардозанд ва ба қудрати минтақавӣ будани Эрон эътироф кунанд.
3. Кишварҳои минтақа, ба хусус Узбекистону Афғонистон ҳузури пойгоҳи русӣ дар Тоҷикистонро хатар ба амнияти ояндаи худ медонанд ва ҳамин назари онҳо кофист, ки бархӯрду муносибаташон бо Тоҷикистон ҳадди ақал бо эҳтиёт бошад. Яъне, ҳузури ин пойгоҳ ҳамеша хоре дар пойи муносибатҳои ин ду кишвар бо Тоҷикистон хоҳад буд.- Заъфи иқтисоди Русия дар натиҷаи ҷанг бо Укроин, ҷалби муҳоҷирони ҳиндӣ аз сӯи мақомоти ин кишвар ба ҷои муҳоҷирон аз ОМ, афзоиши бегонаситезӣ дар ҷомеъаи русӣ ва ғайра, омилҳое ҳастанд, ки мавқеъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро танг мекунанд. Дар ояндаи наздик дигар пули муҳоҷири тоҷик дар Русия шаклдиҳандаи аслии Маҷмуъи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и кишвар нахоҳад буд ва Русия ҳам нахоҳад тавонист аз муҳоҷирон барои фишор болои ҳукумати Тоҷикистон истифода кунад.
- Идомаи боқӣ мондани Тоҷикистон таҳти таъсири Русия ё бо забони дипломатӣ “шарики стратегии” ин кишвар дар минтақа будан интихоби яке аз се ё чаҳор гузина аст, аммо метавонад хатарҳое дар пай дошта бошад. Ва яке аз он хатарҳо ин аст, ки баъид хоҳад буд ҳамсоякишварҳо бихоҳанд бо Русия бошанд ва ҳузури пойгоҳи он дар минтақаро таҳаммул кунанд.
- Туркистон
- Туркияи қудратгиранда аз табдилшаванда аз қудрати минтақавӣ ба фароминтақавӣ бо амбитсияҳои Туркистони бузург ва Хилофати нави усмонӣ ҷойи пояш дар Осиёи Марказиро торафт васеътар месозад. Бо фарқ аз иттиҳодҳои қавмии дигар дар ҷаҳон, иттиҳоди туркӣ муваффақ аз об даромад ва бо қатъият пеш меравад. Бештари ин гуна “иттиҳодҳо” рӯи қоғаз боқӣ мемоманд ва баъди чанд нишасту ҷамъомадҳо фаромӯш мешаванд, аммо иттиҳоди туркӣ ба як пружаи амалкунанда табдил шуда, собит пеш меравад. Онҳо ҳамкориҳои низомӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро амалан ба роҳ мондаанд ва ҳатто дар самти маориф ба ҳам наздик мешаванд. Агар аз як тараф амалкарди муваффақи мақомоти туркӣ дар ин самт кумак карда бошад, аз тарафи дигар хатарҳои афзоянда дар минтақаву ҷаҳон ва набудани гузинаи беҳтару камхатартар аз Туркия, кишварҳои туркзабони Осиёи Марказиро ба он самт мебарад.
- Тоҷикистон ба ҳайси ягона кишвари ғайритуркии минтақа аз ин пружа берун мондааст. Аз як тараф агар бинобар қавмӣ будани ин иттиҳод Тоҷикистон ба он майл надошта бошад, аз тарафи дигар зоҳиран худи Туркия ва ҳамсояҳо ҳанӯз Тоҷикистонро дар ин иттиҳод намебинанд. Аммо адами таваҷҷуҳи имрӯза ба Тоҷикистон гувоҳи ин нест, ки Туркияву шариконаш нахоҳанд Тоҷикисонро ҳам дар иттиҳоди туркӣ бубинанд. Чун берун мондани Тоҷикистон аз ин иттиҳод ба иттиҳоди дигар пайвастан ё таҳти таъсиру нуфузи қудрати дигар рафтанашро дорад, ки барои туркҳо танҳо хатар эҷод мекунад.
- Чин
- Чин бо суръат бар қудраташ меафзояд ва бо қудрати ҷаҳонии рақами аввал барои ин мавқеъ дар набард аст. Бо фарқ аз Амрико, ки таъсиру қудраташро бо пойгоҳҳои низомӣ нигоҳ медорад, дар саросари ҷаҳон “пойгоҳҳои иқтисодӣ” месозад. Истифодаи Чин аз силоҳи нарми иқтисодӣ нишон дод, ки таъсиру қудрати он аз силоҳи гарми амрикоӣ камтар набуда, дар бархе ҳолатҳо бештару пуртаъсиртар аст. Таъсири силоҳи иқтисодии Чин ба сатҳе расида, ки Аврупои қудратмандро гир овардааст, то ҳаде, ки мавзуъи чанд нишасти ахири ин иттиҳод пешгирӣ аз вобастагии иқтисодӣ ба Чин будааст.
- Дар ҳамин ҳол, бунёди пойгоҳҳои хурди низомӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва бархе кишварҳои африқоӣ, ки дар ҳоли ҳозир “дидбонгоҳ” номида мешаванд, гувоҳи он аст, ки Чин танҳо бо силоҳи нарми иқтисодӣ қаноъат нахоҳад кард. Бидуни шубҳа, мисли ҳар абарқудрати дигаре ҳам, Чин нуфуз бар ҳамсояҳоро бар дигарон тарҷеҳ медиҳаду муқаддам мешуморад. Бинобар ин интизор доштани ин ки Чин бо роҳатӣ иҷоза хоҳад дод Тоҷикистон таҳти таъсири Русия бимонад ё ба иттиҳоди туркӣ бипайвандад, каме содагист. Шояд Чин худи иттиҳоди туркиро аз хатарҳо ҳисобад, чун дар ғарбаш (ҳамсоягии Тоҷикистону кишварҳои туркзабон) вилояти туркзабон дорад.
- Ирон
- Ирон таваҷҷуҳи чандоне ба Осиёи Марказӣ надорад. Ин кишвар бештар рӯи нуфуз дар Ховари Миёна сармоягузорӣ мекунад ва то се-чор сол қабл муваффақ ҳам буд, то ҳаде, ки дар ду даҳсолаи ахир ба чаҳор пойтахти арабӣ тасаллут пайдо кард. Қабл аз ҷанги ахир бо Исроилу Амрико мавқеъаш дар Ховари Миёна каме заъиф шуд – Сурияро аз даст дод дар Лубнону Ироқ таъсираш камтар гашт. Аммо баъди ин ҷанг қудрати қаблиашро дорад барқарор мекунад талош дорад мавқеъи қаблиаш дар Лубнону Ироқро баргардонад ва таъсираш дар кишварҳои Халиҷи Форсро афзоиш диҳад.
- Ин ҷанг ба қудрати низомиву сиёсии Ирон афзуд. Агар ончи дар тафоҳуми имзошуда бо Амрико амалӣ гардад, иқтисоди Ирон ҳам ҷаҳиши чашмгире хоҳад дошт. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамеша саҳми бузурге аз сармояҳошро барои густариши нуфузаш дар хориҷ масраф мекунад, мешавад тахмин зад, ки амбитсияҳои импротуриаш ҳам бештар хоҳад шуд ва ба самти шимолу шарқӣ ҳам ҳаракат хоҳад кард. Қаблан яке аз омилҳои боздорандаи Ирон аз ҳаракат ба самти ОМ муносиботаш бо Русия буд. Русия аз камтарин шарикони Ирон маҳсуб мешуд ва Ҷумҳурии Исломӣ аз бархӯрди манофеъ бо он худдорӣ менамуд. Аммо аз як тараф заъиф шудани Русияву аз тарафи дигар қудрат гирифтани худи Ирон метавонад ОМ ё ҳадди ақал Тоҷикистонро ба минтақаи мавриди таваҷҷӯҳи ин кишвар табдил диҳад.
- Дар ҳамин ҳол, надоштани сарҳади муштарак бо Тоҷикистон, мавқеъи Толибон, худдорӣ аз рақобат бо Чин аз омилҳое ҳастанд, ки метавонанд Иронро аз сармоягузорӣ рӯи Тоҷикистон боздоранд. Бо вуҷуди ҳамзабонӣ, ки бештари тоҷикон онро омили асосии наздикӣ бо Ирон медонанд, Ирон (бо фарқ аз Туркия) бештар рӯи омили мазҳабӣ кор мекунад ва танҳо форсизабон будани Тоҷикистон наметавонад Иронро водор ба риск созад.
- Ҳинд
- Ҳарчанд дар ҳаводиси ахири ҷаҳонӣ Ҳинд каме канор монда буд, вале наметавон қудрати афзояндаи он, таъсираш дар минтақа ва ҳадафҳои геополитикиашро сарфи назар кард. Бинобар надоштани бастагиҳое мисли забон, дин ва сарҳади мустақим бо кишварҳои ОМ таъсири ин кишвар камтар аз қудратҳои фавқуззикр аст, аммо дар авохир сармоягузориҳои иқтисодиву сиёсӣ дар Афғонистону кишварҳои ин сӯи Омӯ доштааст ва баъид нест дар оянда бар онҳо бияфзояд.
- *
- Чи боқӣ мондан зери таъсири Русия, чи рафтан зери нуфузи Чин ва чи пайвастан ба Иттиҳоди туркӣ ё таъсиси иттиҳоде бо Ирон хатарҳо ва сангҳои зери бағале барои Тоҷикистон доранд. Ба назар мерасад ягона роҳ инъитофпазирӣ (гибкость) ва ҳифзи муносибатҳои хубу дӯстона бо ҳамаи онҳост.
- Бартарии Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа он аст, ки ҳеҷ яке аз қудратҳои мазкур онро душмани худ намешуморанд. Тоҷикистон бо Русия муносибатҳои стратегӣ дорад, бо Чин ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ, бо Туркия ихтилофи ҷиддии сиёсӣ нест, бо Ирон пайвандҳои таърихиву фарҳангиро дорост ва бо Ҳинд низ муноқишаи манофеъ надорад. Ин вазъ метавонад ба Душанбе имкон диҳад сиёсати мутавозинро пеша кунад ва аз рақобати қудратҳо ба ҷойи зарар манфиат ба даст оварад.
