Чаро яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони Тоҷикистон бе унвони давлатӣ аз дунё рафт?

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест, дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат кардаанд, аммо танҳо баъд аз маргашон ҷомеа аз хидматҳои онҳо ёд мекунад.

____________________________________

Марги Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, танҳо поёни зиндагии як ҳунарманд набуд. Бо даргузашти ӯ баҳсе дар ҷомеа дубора зинда шуд, ки солҳост посухи рӯшан надорад: чаро баъзе аз ҳунармандони маҳбуби мардум танҳо баъд аз марг қадр мешаванд?

Ҳамагӣ як ҳафта пеш аз даргузашташ, ба гуфтаи дӯст ва ҳамкори наздикаш Ташриф Халилов, Бахтиёр Раҳимов бо ҳасрат гуфтааст: “Биё ба Вазорати фарҳанг равем, дархост кунем, ки ба ман ҳам як унвон диҳанд. Қариб 60-сола шудам, ҳоло ҳам ягон унвон надорам.”

Ин ҷумла имрӯз барои ҳазорон мухлиси ӯ ба як саволи бузург табдил шудааст: чаро касе аз ӯ қадр накард? Шояд дар Тоҷикистон кам касе бошад, ки “Ғарибшо”-ро нашиносад. Ҳунарманде, ки унвони расмӣ нагирифт, аммо унвони мардумиро дошт.

Беш аз сӣ сол Бахтиёр Раҳимов бо саҳнаҳои ҳаҷвии худ мардумро механдонд. Аммо хандаи ӯ танҳо барои хандидан набуд. Ӯ бо забони танз дар бораи муҳоҷират, бекорӣ, камбизоатӣ, муносибати мансабдорон, мушкилоти оилавӣ ва зиндагии одии мардум қисса мекард. Барои як насл ӯ танҳо ҳунарманд набуд, балки овози мардум буд. Бо вуҷуди ин, то охири умр на соҳиби унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” шуд ва на “Ҳунарпешаи халқӣ”.

“Ғарибшо” танҳо як ном набуд

Бахтиёр Раҳимов борҳо гуфта буд, ки номи гурӯҳи “Ғарибшо компания”-ро тасодуфан интихоб накардааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон тоҷик муҳоҷир шуданд. Ӯ орзу дошт, ки онҳо рӯзе ба Ватан баргарданду дар ҳамин ҷо “шоҳона зиндагӣ кунанд”. Аз ҳамин андеша номи “Ғарибшо”-ро интихоб кардааст. Ҳамин як андеша нишон медиҳад, ки барои ӯ саҳна танҳо ҷойи хандидан набуд. Ӯ мехост ба мардум умед диҳад.

Солҳо дар иҷора

Маъруфтарин ҳунармандони Тоҷикистон солҳои зиёд хонаи шахсӣ надоштааст, аз ҷумла, Раҳимов. Ӯ муддати дароз дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард ва танҳо баъдтар бо кумаки соҳибкори тоҷик Раҳими Ғармӣ соҳиби манзил шуд.

Ин воқеа худ саволи дигареро ба миён меорад: агар давлат ҳунармандони худро қадр мекунад, чаро яке аз машҳуртарин чеҳраҳои ҳаҷви тоҷик то ин дараҷа аз дастгирӣ дур монда буд?

Чаро Бахтиёр аз саҳнаҳои давлатӣ дур шуд?

Солҳои охир Бахтиёр Раҳимов дар барномаҳои давлатӣ ва телевизионҳои расмӣ камтар пайдо мешуд. Бархе аз дӯстону мухлисонаш инро ба иштироки ӯ дар яке аз маҳфилҳои Наҳзати исломии Тоҷикистон рабт медиҳанд. Худи Раҳимов дар як наворе гуфта буд, ки пеш аз маҳфил ба ӯ ҳушдор додаанд: агар ба барномаи ҳизб равад, дигар ӯро ба чорабиниҳои давлатӣ даъват намекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, посухаш чунин буд: “Ман барои ҳама ҳунар нишон медиҳам. Барои ман дин, мазҳаб, ақида ё мансубияти сиёсӣ фарқ надорад.”

Ин суханҳо имрӯз дубора мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифтааст. Аммо то имрӯз ягон мақоми давлатӣ нагуфтааст, ки иштироки ӯ дар он маҳфил ба фаъолияти ҳунарияш таъсир расондааст. Аз ин рӯ, чунин фарзияҳо бештар дар сатҳи андешаи мухлисон ва ҳамкорони ӯ боқӣ мемонанд.

Аммо гурӯҳи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи маҳалгароиро матраҳ мекунанд. Ба назари онҳо, Бахтиёр Раҳимов, ки аз минтақаи дигар буд, ҳеҷ гоҳ ба доираи “чеҳраҳои наздик” ворид нашуд. Вале ин иддао низ далели расмӣ надорад.

Аммо ин ки чунин суолҳо дар ҷомеа пайдо мешаванд, худ баёнгари он аст, ки низоми қадрдонии ҳунармандон барои мардум шаффоф нест. Ва аксаран қадрдониҳои расмӣ аз нигоҳи маҳал ва ё наздику “вафодор” будан ба доираҳои наздики ҳокимони имрӯз сурат мегирад. Мо даҳҳо чеҳраи миллии нотакрори илму ҳунарро медонем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бетаваҷҷуҳи мақомдорон ва қадрдонӣ накарданашон борҳо гила мекунанд.

Вазорати фарҳанг бояд посух диҳад

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар соҳиби унвонҳои давлатӣ мешаванд. Дар байни онҳо ҳунармандони шоиста низ ҳастанд ва ин қобили қадр аст. Аммо вақте номи Бахтиёр Раҳимов ва амсоли ӯ дар ин рӯйхатҳо дида намешуд, кам касе аз худ мепурсид: чаро инҳо ҳам нестанд? Инҳо чӣ камӣ доранд?

Имрӯз, баъд аз марги ӯ, ҳамин суол садҳо бор дар шабакаҳои иҷтимоӣ такрор мешавад. Шояд агар ба ин суол ҳангоми зинда будани ӯ посух дода мешуд, худи Раҳимов пеш аз марг бо ҳасрат намегуфт: “Қариб 60-сола шудам, ҳоло ҳам унвон надорам.”

Қадршиносӣ набояд баъд аз марг бошад

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест. Ин дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат мекунанд, аммо танҳо баъд аз даргузашташон ҷомеа аз хидматҳояшон ёд мекунад.

Имрӯз дар соҳаи ҳаҷви Тоҷикистон ҳунармандоне чун Гулбибӣ Абдулҳайрова, Ҷамшеди Ҳалим, Насриддин Нуриддин ва даҳҳо нафари дигар фаъолият доранд. Онҳо низ солҳои зиёд барои рушди ҳаҷви миллӣ саҳм гузоштаанд. Қадршиносии ҳунарманд набояд танҳо бо паёмҳои тасаллият ва суханрониҳо баъд аз марг маҳдуд шавад.

Шояд беҳтарин ёдбуд барои Бахтиёр Раҳимов ҳамин бошад, ки масъулон бори дигар ба меъёрҳои қадрдонии аҳли фарҳангу адаб таҷдиди назар кунанд. Зеро унвоне, ки дар вақти зинда будани ҳунарманд дода мешавад, арзиши бештар аз садҳо сухани нек баъд аз марги ӯ дорад.

Оқилҷон Сабурӣ (номи мустаор) махсус барои Azda TV

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Камбуди сӯзишворӣ дар Русия ва сафҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши бензин

Дар чанд рӯзи охир дар бисёре аз минтақаҳои Русия камбуди бензин ва дигар навъҳои сӯзишворӣ мушоҳида шуда, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сафҳои тӯлонии мошинҳо ба вуҷуд омадааст.

Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ: 11 нафар ҷон бохтанд

Бар асари бархӯрди як мошини боркаш бо ду автомошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ 11 нафар ҷон бохт.