Ҷавони беморро ба артиш бурданд. Падар ба мақомот шикоят кард

Як сокини шаҳри Истаравшан аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда, ки писари 25-солааш Дӯстмурод Маъруфовро бо сабаби беморӣ аз адои хидмати ҳарбӣ ҷавоб диҳанд.

Падари ӯ, Ҳамроқул Маъруфов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, писараш дар гузашта чанд маротиба аз ҷониби комиссияҳои тиббӣ барои хидмати ҳарбӣ “ношоям” дониста шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, Дӯстмурод моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Русия ба сафи артиш ҷалб шуда, ҳоло дар яке аз қисмҳои низомии ноҳияи Деваштич қарор дорад.

Ба гуфтаи наздиконаш, Дӯстмурод гирифтори чанд бемории ҷиддӣ буда, аз ҷумла мушкили рӯда, шуш ва ҷигар дорад ва дар қисми ҳарбӣ вазъи саломатиаш бадтар шудааст. Хонаводаи ӯ бо ирсоли шикоят ба мақомоти дахлдор хостори баррасии қонунии қазия шудаанд.

Як манбаъ дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан ба ин расона гуфтааст, ки барои муайян кардани вазъи саломатии навсарбоз комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Додситонии ҳарбӣ низ дар посух ба муроҷиати хонавода ваъда додааст, ки масъаларо ҳамаҷониба баррасӣ хоҳад кард.

Тарзи ҷалб намудани ҷавонон ба сафи артиш дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Ҳамасола дар мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ миёни бархе аз сокинон ва мақомоти низомиву давлатӣ баҳсҳо бар сари қонунӣ будани ҷалби ҷавонон, бахусус шахсони дорои мушкилоти саломатӣ, ба миён меоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нигаронии наздикони Саидумар Ҳусайнӣ аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон

Писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи саломатии падараш дар зиндон хуб нест.

“Тоҷик Эйр” дар интизори бозгашт ба парвозҳои байналмилалӣ аст

Ширкати миллии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" эълом кард, ки барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад.

Ташдид танишҳои низомӣ байни Амрико ва Эрон: Созишномаи оташбас бекор шуд?

Таниш миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оғози даври нави ҳамлаҳои низомӣ боз ҳам шиддат гирифт.

Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ парвандаи шикоят алайҳи Тоҷикистонро баст

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз қарори Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ барои қатъи баррасии шикоят алайҳи Тоҷикистон интиқод кард.