ДМТ ба раддабандии ҷаҳонӣ роҳ ёфт: дастоварди воқеӣ ё пирӯзии рамзӣ?

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои аввалин бор ба яке аз раддабандиҳои байналмилалии донишгоҳҳо, аниқтараш Times Higher Education шомил шудааст. Як чунин датовард барои ҳар муассисаи таҳсилоти олӣ бешубҳа, рӯйдоди мусбат аст. Ҳузур дар раддабандии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки донишгоҳ ба баъзе меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ шудааст ва акнун номи он дар канори ҳазорон муассисаи дигари ҷаҳон низ зикр хоҳад шуд.

Аммо ҳузур дар рӯйхати байналмилал худ аз худ ба ин маънӣ нест, ки низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон мушкилоти худро пушти сар кардааст. Баръакс, он бояд оғози баҳси ҷиддӣ бошад: оё ин пешрафт воқеан дар таҳсили донишҷӯён ва сатҳи зиндагии омӯзгорон низ эҳсос мешавад?

Дар Тоҷикистон бисёре аз ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ бо мушкили пайдо кардани ҷойи кор рӯбарӯянд. Корфармоён борҳо аз он шикоят мекунанд, ки хатмкунандагон дониш ва малакаи касбӣ надоранд. Аз тарафи дигар, қисми қобили таваҷҷуҳи ҷавонони соҳибистеъдод кӯшиш мекунанд таҳсил ё фаъолияти илмии худро дар хориҷ идома диҳанд. Агар беҳтарин кадрҳо кишварро тарк кунанд, танҳо боло рафтани номи донишгоҳ дар як раддабандӣ наметавонад ин равандро тағйир диҳад.

Саволи дигар ба муҳити илмӣ марбут аст. Илм танҳо бо сохтмони биноҳои нав ё иштирок дар рейтингҳо рушд намекунад. Барои рушди воқеии донишгоҳ муҳити озоди илмӣ, маблағгузории кофии пажӯҳишҳо, дастрасӣ ба маҷаллаҳои байналмилалӣ ва рақобати солим лозим аст. Бидуни ин омилҳо ҳатто баланд шудани ҷойгоҳ дар рейтинг метавонад танҳо як комёбии рамзӣ боқӣ монад.

Аз ин рӯ, ин хабарро метавон ҳам табрик гуфт ва ҳам онро ҳамчун фурсате барои худсанҷӣ арзёбӣ кард. Агар пас аз ин донишгоҳҳо имконияти бештар барои таҳқиқот, беҳтар шудани сифати таълим ва рушди кадрҳо пайдо кунанд, пас ин муваффақият воқеан таърихӣ хоҳад шуд. Дар акси ҳол, мардум бештар аз худ хоҳанд пурсид, ки чаро мақоми донишгоҳ боло меравад, аммо сифати зиндагии хатмкунандагон ва сатҳи илм дар дохили кишвар тағйири чашмрас намебинад

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.