Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад дар Лаҳистон сабт гардидааст. Дар он баҳси як сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷире, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд, дида мешавад.

Аз муҳтавои навор бармеояд, ки баҳс бар сари намоз хондани яке аз муҳоҷирон дар ҷои ҷамъиятӣ сурат гирифтааст. Дар навор дида мешавад, ки сокини маҳаллӣ нахуст ба забони англисӣ ва сипас ба забони лаҳистонӣ ба муҳоҷир муроҷиат карда, мегӯяд, ки намозро набояд дар ҷойи ҷамъиятӣ адо кард ва барои ин бояд ба масҷид рафт.

Дар посух, шахсе, ки намоз мехонад, мегӯяд, ки амали ӯ ба касе халал нарасондааст ва ӯ танҳо ибодати худро анҷом дода истодааст.

Ҳаққонияти навор, замону макони дақиқи сабти он аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки пас аз ин баҳс мақомоти маҳаллӣ дахолат кардаанд ё не.

Ин навор миёни корбарони русзабони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаеро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз корбарон аз ҳаққи озодии эътиқод ва анҷом додани ибодат ҳимоят кардаанд, дар ҳоле ки гурӯҳи дигар аз намоз хондан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ интиқод намуда, онро номуносиб арзёбӣ кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки масъалаи намоз хондани мусалмонон дар маконҳои ҷамъиятии кишварҳои Аврупо баҳсбарангез мешавад. Дар солҳои охир расонаҳои аврупоӣ борҳо дар бораи чунин ҳолатҳо гузориш додаанд. Ин гуна ҳодисаҳо маъмулан баҳсҳоро дар бораи озодии дин, ҳуқуқи шаҳрвандон ва қоидаҳои истифодаи ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои аврупоӣ дубора ба миён меоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.