Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад дар Лаҳистон сабт гардидааст. Дар он баҳси як сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷире, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд, дида мешавад.
Аз муҳтавои навор бармеояд, ки баҳс бар сари намоз хондани яке аз муҳоҷирон дар ҷои ҷамъиятӣ сурат гирифтааст. Дар навор дида мешавад, ки сокини маҳаллӣ нахуст ба забони англисӣ ва сипас ба забони лаҳистонӣ ба муҳоҷир муроҷиат карда, мегӯяд, ки намозро набояд дар ҷойи ҷамъиятӣ адо кард ва барои ин бояд ба масҷид рафт.
Дар посух, шахсе, ки намоз мехонад, мегӯяд, ки амали ӯ ба касе халал нарасондааст ва ӯ танҳо ибодати худро анҷом дода истодааст.
Ҳаққонияти навор, замону макони дақиқи сабти он аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки пас аз ин баҳс мақомоти маҳаллӣ дахолат кардаанд ё не.
Ин навор миёни корбарони русзабони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаеро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз корбарон аз ҳаққи озодии эътиқод ва анҷом додани ибодат ҳимоят кардаанд, дар ҳоле ки гурӯҳи дигар аз намоз хондан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ интиқод намуда, онро номуносиб арзёбӣ кардаанд.
Ин бори аввал нест, ки масъалаи намоз хондани мусалмонон дар маконҳои ҷамъиятии кишварҳои Аврупо баҳсбарангез мешавад. Дар солҳои охир расонаҳои аврупоӣ борҳо дар бораи чунин ҳолатҳо гузориш додаанд. Ин гуна ҳодисаҳо маъмулан баҳсҳоро дар бораи озодии дин, ҳуқуқи шаҳрвандон ва қоидаҳои истифодаи ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои аврупоӣ дубора ба миён меоранд.
