Агар имрӯз барои омӯзиши забони модарӣ талош накунем, фардо барқарор кардани он барои насли оянда хеле душвор хоҳад шуд.
Дар чанд даҳсолаи охир шумори тоҷиконе, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла муҳоҷират ва паноҳандагии сиёсӣ, дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд, афзоиш ёфтааст. Дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ҷамъиятҳои тоҷикон ташкил шудаанд, ки барои нигоҳ доштани робитаҳои фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳо ва таҷлили идҳои миллӣ талош мекунанд.
Аммо яке аз масъалаҳои муҳим — ҳифзи забони тоҷикӣ дар миёни насли дуюми муҳоҷирон — то ҳол ба андозаи зарурӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтааст. Дар аксари ҷамъиятҳои тоҷикон бештар ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнҳо ва рақсу бози таваҷҷуҳ мешавад, вале барои омӯзиши мунтазами забони тоҷикӣ ба фарзандони муҳоҷирон камтар барномаҳои махсус дида мешаванд. Аниқтараш, аслан дида намешавад. Ин ҳолат метавонад дар оянда боиси он гардад, ки қисми зиёди фарзандони тоҷикони хориҷ аз кишвар забони модарии худро хуб надонанд ва аз он дур шаванд.
То имрӯз омори дақиқе вуҷуд надорад, ки нишон диҳад фарзандони тоҷиконе, ки дар солҳои охир дар кишварҳои Аврупо ба дунё омадаанд ё дар он ҷо ба воя расидаанд, то чӣ андоза забони тоҷикӣ ва алифбои тоҷикиро медонанд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе кӯдакони муҳоҷир бештар зери таъсири забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ, қарор мегиранд. Сабаби инро метавон дар дастрасии зиёди барномаҳои кӯдакона, филмҳо ва маводи омӯзишӣ ба забони русӣ дар интернет дид.
Дар муқоиса бо баъзе забонҳои дигар, маводи ҷолиби кӯдакона, барномаҳои таълимӣ ва муҳтавои босифати интернетӣ ба забони тоҷикӣ тақрибан вуҷуд надорад . Дар платформаҳои машҳур, аз ҷумла YouTube, пайдо кардани барномаҳои ҷолиб ва касбӣ барои кӯдакони тоҷикзабон мушкил аст. Ин камбудӣ метавонад ба заиф шудани робитаи кӯдакон бо забони модарии онҳо таъсир расонад.
Забон танҳо воситаи гуфтугӯ нест. Забон таърих, фарҳанг, хотира ва ҳувияти як миллат аст. Агар кӯдак дар муҳити хориҷӣ забони модарии худро аз даст диҳад, ӯ на танҳо як забон, балки як қисми муҳими мероси фарҳангии худро низ аз даст медиҳад.
Аз ин рӯ, ҳар як падару модари тоҷик, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад, бояд омӯзиши забони модариро яке аз вазифаҳои муҳими худ донад. Гуфтугӯ бо фарзандон ба забони тоҷикӣ дар хона, омӯзонидани алифбо, мутолиаи китобҳои тоҷикӣ ва шинос кардани онҳо бо фарҳанги миллӣ қадамҳои муҳим барои нигоҳ доштани забон мебошанд.
Дар баробари масъулияти оилаҳо, нақши созмонҳои тоҷикон дар хориҷ низ бисёр муҳим аст. Ташкили курсҳои забони тоҷикӣ барои кӯдакон, омода кардани китобҳои содда, сохтани барномаҳои интернетӣ ва истеҳсоли муҳтавои ҷолиб барои кӯдакон метавонад ба ҳифзи забон мусоидат кунад.Ояндаи забони тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар аз фаъолияти имрӯзаи мо вобаста аст. Агар имрӯз барои омӯзиши забони модарӣ талош накунем, фардо барқарор кардани он барои насли оянда хеле душвор хоҳад шуд.
Оқилҷон Сабурӣ (номи мустаор) махсус барои Azda TV
