Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ то соли 2040 ва муаррифии Консепсияи маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Кумита рӯзи 24-уми июл дар саҳифаи расмии худ дар Instagram навишт, ки дар ҷаласа намояндагони Бонки рушди Осиё, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Бонки Ҷаҳонӣ, Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), мақомоти дахлдори давлатӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд.
Ба иттилои Кумита, раиси он Баҳодур Шерализода зимни ифтитоҳи ҷаласа гуфтааст, рушди низоми муосири идоракунии партовҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии экологӣ буда, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди партовҳо бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ метавонад ҳаҷми партовҳоро коҳиш дода, сатҳи амнияти экологиро беҳтар ва имкониятҳои нави иқтисодиро фароҳам созад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки стратегияи нав навсозии зерсохтори соҳа, такмили низоми идоракунии партовҳо ва истифодаи усулҳои муосири коркарди онҳоро то соли 2040 пешбинӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир сокинони Душанбе ва бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста аз сари вақт ҷамъоварӣ ва тоза нашудани партовгоҳҳо шикоят мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, бо вуҷуди он ки маблағи хизматрасонии ҷамъоварии партов мунтазам аз аҳолӣ ситонида мешавад, дар бисёр маҳаллаҳо қуттиҳои ахлот рӯзҳо пур монда, сари вақт холӣ карда намешаванд. Ба гуфтаи онҳо, ин вазъ на танҳо симои шаҳрро зишт мекунад, балки метавонад ба вазъи санитарӣ ва саломатии аҳолӣ низ таъсири манфӣ расонад.
