Амрико ва Эрон ҳамлаҳоро муваққатан қатъ карданд, умед ба азсаргирии гуфтушунидҳо

Иёлоти Муттаҳида ва Эрон пас аз тақрибан 13 рӯзи даргириҳои пайдарпай ҳамлаҳои низомии худро муваққатан қатъ кардаанд. Ин таваққуф умедҳоро ба азсаргирии гуфтушунидҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо дар минтақа бештар кардааст.

Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, раисҷумҳур Доналд Трамп тасмим гирифтааст амалиёти густурдаи низомиро муваққатан боз дорад. Тибқи гузоришҳо, яке аз омилҳои ин қарор нигаронӣ аз коҳиш ёфтани захираи мушакҳои дифои ҳавоӣ, аз ҷумла мушакҳои системаи «Patriot», будааст.

Сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Майк Уолтз гуфт, президенти Амрико мехоҳад «ба гуфтушунидҳо каме фурсат диҳад» ва роҳи дипломатиро ҳанӯз боз нигоҳ дорад.

Аз ҷониби дигар, як манбаи эронӣ гуфтааст, ки Теҳрон низ то замоне ки Вашингтон ҳамлаҳоро аз сар нагирад, амалиёти ҷавобии худро қатъ мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, мавқеи Эрон «ҳамла дар баробари ҳамла» аст ва агар ҳамлаҳо дубора оғоз шаванд, посухи Эрон низ аз сар гирифта хоҳад шуд.

Бо вуҷуди оромии нисбӣ, мақомоти амрикоӣ таъкид мекунанд, ки ин ба маънои поёни низоъ нест ва дар сурати натиҷа надодани дипломатия, ҳамаи интихобҳо ҳамоно рӯи миз мемонанд.

Коршиносон ин вазъро бештар як «танаффуси стратегӣ» арзёбӣ мекунанд, на анҷоми ҷанг. Бо вуҷуди ин, коҳиши муваққатии ҳамлаҳо умедҳоро барои пешрафти музокирот ва коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна бештар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.