Дар ҳоле, ки солҳои охир бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия бештар шудааст, интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирон на танҳо кам нашуда, балки афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол бештари бозгаштаҳо бо мушкили пайдо кардани ҷои кор дар кишвар мувоҷеҳ шудаанд.
Бо чанд сабаб ҷараёни бозгашти муҳоҷирон аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон шиддат гирифтааст:
- Сахттар шудани қонунгузорӣ: Русия чораҳои депортатсия, ихроҷ ва ворид намудани шаҳрвандон ба «рӯйхатҳои сиёҳ»-и манъи воридотро барои вайрон кардани тартиботи муҳоҷиратӣ, андоз ва маъмурӣ фаъолтар кард.
- Ҷорӣ кардани реестрҳо ва биометрия: Назорати ҷиддӣ болои бақайдгирӣ, патентҳо ва супоридани имтиҳони забон раванди корёбии қонуниро мураккабтар намуд.
- Фоидаи камтари молиявӣ: Тағйирёбии қурби асъор ва гарон шудани нархи зиндагиву ҳуҷҷатгузорӣ дар РФ даромаднокии кори муҳоҷиронро коҳиш дод.
- Ҷалби иҷбории муҳоҷирон ба ҷанг дар Укроин ва ғайра.
Дар ҳамин ҳол, интиқоли пули муҳоҷирон ба ҷои мутаносибан камтар шудан, бештар шудаст. Тибқи додаҳои оморӣ ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5,1% афзоиш ёфтааст. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд тақрибан 90%-и пулҳои муҳоҷирони тоҷик аз Русия интиқол меёбанд, бинобар намешавад интиқоли пул аз кишварҳои дигар, масалан Аврупоро чунин парадокс хонд.
Тибқи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ 40-45 дарсади Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро пулҳои муҳоҷирон шакл медиҳад. Аммо коршиносони тоҷик назари дигар доранд. Барои мисол, Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ ин рақамро болотар аз 60% медонад. “Бонки Ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои дигари расмӣ танҳо интиқолҳои расмиро ҳисоб мекунанд, аммо чанд роҳи интиқоли ғайрирасмӣ вуҷуд дорад, ки ҳаҷмаш бисёр бузург аст” – мегӯяд ӯ.
Сабаби бештар шудани интиқоли пул бо вуҷуди бозгашти қисмате аз муҳоҷиронро коршиносон дар ин мебинанд, ки муҳоҷироне, ки дар Русия мондаанд, аз сабаби камбудии нерӯи корӣ дар соҳаҳои сохтмон ва логистика маоши баландтар мегиранд ва пулро бештар тавассути низомҳои расмии бонкӣ ба ватан мефиристанд.
Бо бозгашти муҳоҷирон мушкили бекорӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Коршиносон мегӯянд иқтисоди Тоҷикистон бинобар чанд мушкил омода нест, ҳамаи шаҳрвандони баргаштаро бо кор таъмин кунад:
- Камбуди сохтории ҷойҳои корӣ: Аз сабаби афзоиши баланди демографӣ (ҳар сол даҳҳо ҳазор ҷавонон ба бозори меҳнат ворид мешаванд) дар кишвар нарасидани ҷойҳои кории ҳамеша эҳсос мешавад.
- Тафовути калон дар маош: Даромад дар бозори дохилӣ нисбат ба Русия хеле камтар аст, бинобар ин бисёре аз бозгаштагон ин давраро ҳамчун танаффуси муваққатӣ мебинанд.
- Сектори ғайрирасмӣ: Тақрибан сеяки муҳоҷирони баргашта ҳангоми ҷустуҷӯи кори доимӣ ба мушкилӣ дучор шуда, маҷбуранд ба кори ғайрирасмӣ (тиҷорати хурд, кишоварзии мавсимӣ, мусофиркашонӣ) рӯ оранд.
Дар авохир барои камтар кардани вобастагӣ аз як самти муҳоҷират, Ҳукумати Тоҷикистон бархе иқдомҳоро пеш гирифтааст, аз ҷумла:
- Диверсификатсияи самтҳои муҳоҷират: Созишномаҳо барои корҷӯии шаҳрвандон дар Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс ва Аврупои Шарқӣ баста мешаванд;
- Ибтикор ва касбомӯзӣ: Барномаҳои таълими касбию техникӣ барои муҳоҷирони бозгашта роҳандозӣ мегарданд;
- Сатҳи саноаткунонии дохилӣ: Таваҷҷуҳи асосӣ ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва энергетикӣ (пеш аз ҳама НБО Роғун) нигаронида шудааст, ки нерӯи кории маҳаллиро ба кор ҷалб мекунанд.
Аммо бинобар афзоиши демографӣ, рушди кунди иқтисоди кишвар ва сатҳи бисёр поёни маош тағйири камтаре дар мушкили корофаринӣ дар кишвар ворид кардааст.
