Ду марзбони тоҷикро пас аз чаҳор рӯзи ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо карданд

Ҷасади ду марзбони тоҷик, ки чанд рӯз пеш дар дарёи Панҷ нопадид шуда буданд, рӯзи 28-уми июл пайдо шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади Ёраҳмад Қурбоналиев, афсари 23-сола ва Билол Каримов, марзбони қатории 19-соларо аз дарёи Панҷ берун овардаанд.

Гуфта мешавад, ин ду низомӣ рӯзи 24-уми июл ҳангоми адои хизмат дар наздикии як дидбонгоҳи марзӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба рӯдхонаи Панҷ афтода буданд.

Як манбаи огоҳ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ба ин расона гуфтааст, ки ҷасадҳо барои ташхис ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудаанд. Ба иттилои ҳамдеҳагони Билол Каримов, ҷасади ҳарду марзбонро дар соҳили рӯди Панҷ, дар ҳудуди деҳаи Ҳисори ноҳияи Фархор пайдо кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, об ҷасадҳоро тақрибан ду километр поёнтар аз маҳалли ҳодиса ба соҳил баровардааст.

Пештар, як манбаи мақомоти интизомии вилояти Хатлон  гуфта буд, ки ин ҳодиса ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, марзбонон кӯшиш доштаанд заршӯёни афғонистониро аз як ҷазираи хурди марбут ба Тоҷикистон берун кунанд. Мақомоти расмӣ то ҳол дар ин бора шарҳи муфассал надодаанд.

Ин ҳодиса бори аввал нест. Бо назардошти он ки қисми зиёди марзи Тоҷикистону Афғонистон аз рӯдхонаи Панҷ мегузарад, дар солҳои гузашта низ чандин марзбони тоҷик ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар ин дарё ҷони худро аз даст додаанд. Ҷараёни тези об ва шароити душвори хизмат дар минтақаҳои наздимарзӣ аз омилҳое дониста мешаванд, ки хатари чунин ҳодисаҳоро зиёд мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.