Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов: Молу мулки муҳоҷирони афғонистонӣ дар анборҳо нигоҳдорӣ мешавад

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода мегӯяд, молу мулки муҳоҷирони афғонистоние, ки моҳи май аз ин ноҳия хориҷ шуданд ва натавонистанд бо худ баранд, ҳоло дар анборҳо нигоҳдорӣ мешавад.

Юлдошзода рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки барои бақайдгирии ин молу мулк комиссия таъсис дода шуда, тамоми ашёи боқимонда санадгузорӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, соҳибони ин молу мулк метавонанд дар сурати бозгашт омада, бо имзо онҳоро дастрас кунанд.

Ин изҳорот тақрибан се моҳ пас аз он садо медиҳад, ки даҳҳо муҳоҷири афғонистонӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов хориҷ шуданд. Он вақт бархе аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао карда буданд, ки ҳангоми ихроҷ имкони гирифтани тамоми молу мулки худро надоштанд ва бисёре аз ашёи рӯзгор, либос ва дигар дороиҳояшон дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Ҳамчунин, бархе аз муҳоҷирон иддао мекарданд, ки бо вуҷуди доштани ҳуҷҷатҳои паноҳандагӣ ва солҳои зиёд зиндагӣ дар Тоҷикистон, онҳоро ба самти марзи Афғонистон интиқол додаанд.

Раиси ноҳия сабаби хориҷ шудани афғонистониҳоро «иқомати ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоидаҳои буду бош ва муҳоҷират, риоя накардани қонунгузории Тоҷикистон ва даст задан ба ҷиноятҳои махсусан вазнин» номид.

Ба гуфтаи ӯ, то моҳи майи соли равон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 42 оилаи афғонистонӣ иборат аз 168 нафар зиндагӣ мекарданд, аммо ҳоло дар ҳудуди ноҳия дигар ягон шаҳрванди Афғонистон иқомат надорад.

Пас аз ин ҳодиса Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ бо нашри изҳорот гуфта буд, ки сабаби ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон дағалона вайрон кардани қонунгузории Тоҷикистон будааст. Аз сӯи дигар, бархе созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои паноҳҷӯён ба меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи паноҳандагон риоя шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.