31 шаҳрванди Афғонистон аз Олмон ба Кобул ихроҷ шуданд

Ҳукумати Олмон рӯзи сешанбе, 31 нафар аз шаҳрвандони Афғонистонро бо як парвози чартерӣ аз фурудгоҳи Лейпсиг ба Кобул ихроҷ кард.

Ба иттилои расонаҳои олмонӣ Вазорати корҳои дохилии федералии Олмон, аз миёни ихроҷшудагон 30 нафар барои ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштори ғайриамдӣ, сӯиқасд ба куштор, таҷовуз ба номус, сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон, роҳзанӣ ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ маҳкум шуда буданд. Як нафари дигар, ки собиқаи маҳкумияти ҷиноятӣ надошт, низ дар ин парвоз ба Афғонистон фиристода шуд.

Вазири корҳои дохилии Олмон Александр Добриндт изҳор дошт, ки ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон ба таври қатъӣ идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, афроде, ки ба амнияти Олмон таҳдид мекунанд, ҳаққи мондан дар ин кишварро нахоҳанд дошт.

Добриндт ҳамчунин гуфт, ки дар оянда ихроҷҳо танҳо ба ҷинояткорони маҳкумшуда маҳдуд нахоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, паноҳҷӯёне, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст, ҳукми ниҳоии тарки кишварро гирифтаанд ва ихтиёран Олмонро тарк намекунанд, низ метавонанд ихроҷ шаванд.

Тибқи гузоришҳо, ҳафтаи гузашта низ се шаҳрванди Афғонистон дар доираи ихроҷи инфиродӣ ба Кобул фиристода шуданд. Бо ин ҳисоб, шумораи шаҳрвандони Афғонистон, ки дар давраи фаъолияти ҳукумати кунунии Олмон ихроҷ шудаанд, ба 204 нафар расидааст.

Вазорати корҳои дохилии Олмон қаблан, 28 апрел, эълон карда буд, ки дар асоси як созиш бо мақомоти амалкунандаи Афғонистон имкони анҷоми парвозҳои мунтазами ихроҷӣ ба Кобул фароҳам шудааст. Дар он парвоз низ 25 шаҳрванди Афғонистон, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда буданд, ихроҷ гардида буданд.

Ҳамзамон бо анҷоми парвози охирин, тақрибан 250 нафар дар фурудгоҳи Лейпсиг алайҳи ихроҷи иҷбории шаҳрвандони Афғонистон ва ҳамкории ҳукумати Олмон бо мақомоти ҳокими Афғонистон тазоҳурот баргузор карданд. Эътирозгарон бо баргардонидани паноҳҷӯён ба Афғонистон мухолифат намуда, хостори қатъи чунин ихроҷҳо шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷаҳиши 44%-ии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон. Аз кадом ҳисоб?

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон...

Афзоиши 65 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти Русия 43...

Боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Лаҳистон бо шумули як шаҳрванди Тоҷикистон

Хадамоти марзбонии вилояти Силезияи (Śląskiego) Полша дар ҷараёни амалиёти...

Қабули қонун дар бораи манъи ҳиҷобу риш: овоза ё воқеъият?

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати...