Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, шоми панҷшанбе афроди мусаллаҳи номаълум ба манзили Фасиҳуддин Фитрат, раиси ситоди артиши ҳукумати «Толибон», дар ноҳияи Вардуҷи вилояти Бадахшон ҳамла кардаанд.
Ба гуфтаи расонаҳо, ҳамлаварони номаълум аз мавқеи кӯҳии наздик ба деҳаи Истарп бо истифода аз силоҳҳои сабук ва вазнин, аз ҷумла тирандози ПК (пулемёти Калашников), ба сӯи манзили Фитрат оташ кушодаанд. Нигаҳбонони хона ба ҳамла ҷавоб дода, миёни ду тараф задухӯрди кӯтоҳ ба амал омадааст. Гуфта мешавад, ҳамлаварон баъд аз табодули оташ аз маҳал фирор карданд.
То ҳол маълум нест, ки Фасиҳуддин Фитрат ҳангоми ҳамла дар манзилаш ҳузур дошт ё на. Ҳамчунин, дар бораи талафот ё хисороти эҳтимолии ин ҳодиса иттилои расмӣ нашр нашудааст ва ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки рӯзҳои охир вазъи амниятӣ дар вилояти Бадахшон шиддат гирифтааст. Пас аз он, ки нерӯҳои мухолифи «Толибон» аз ҳамлаҳо дар ноҳияҳои Тифтали Поён ва Зебак хабар доданд, Фасиҳуддин Фитрат барои раҳбарии амалиёти низомӣ ба Бадахшон рафтааст.
Ҳамзамон, гурӯҳи «Шохаи Хуросон»-и созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИИШ) масъулияти кушта шудани Забеҳуллоҳ Амирӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати «Толибон» дар Бадахшонро бар дӯш гирифтааст.
Ба иттилои хабаргузории Франс Пресс, бо истинод ба созмони мониторинги SITE Intelligence Group, ДИИШ дар баёнияе иддао кардааст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ Амириро дар як ҳамлаи мусаллаҳона ҳадаф қарор додаанд.
Ёдовар мешавем,ки Забеҳуллоҳ Амирӣ рӯзи 28 июл дар шоҳроҳи Баҳорак – Файзобод аз сӯи ду фарди мусаллаҳи мотосиклсавор кушта шуд. Мақомоти амниятии «Толибон» дар Бадахшон гуфтаанд, ки яке аз ҳамлаварон дар ҷараёни даргирӣ бо муҳофизон кушта шуда, нафари дигар боздошт шудааст.
Мақомоти ҳукумати «Толибон» то ҳол дар бораи иддаои ДИИШ оид ба масъулияти ин ҳамла изҳороти расмӣ нашр накардаанд.
