Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Тибқи иттилои Идораи муҳоҷират ва ихроҷ дар Филаделфия, Юсуф Сидиқовро рӯзи 3-уми сентябри соли ҷорӣ, дар Бенсалеми иёлати Пенсилвания боздошт кардаанд.

Пулиси Филаделфия Сидиқовро қаблан, рӯзи 13-уми август соли ҷорӣ, бо иттиҳомҳо дуздӣ, вуруди ғайриқонунӣ ба моликияти дигарон, дарёфти моли дуздидашуда ва осеб расондан ба амвол дастгир карда буд.

Дар иттилоия иддао мешавад, ки мақомоти муҳоҷират аз масъулони маҳаллӣ хоста буданд, пеш аз раҳо кардани ӯ хабар диҳанд. Аммо, ба гуфтаи ин ниҳод, дархост иҷро нашуда ва Сидиқов озод шудааст. Баъдан маъмурони муҳоҷират ӯро дар Бенсалем пайдо ва дубора боздошт кардаанд.

Ҳоло Сидиқов дар боздошт қарор дорад ва мунтазири баррасии парвандаи муҳоҷиратии худ аст. Дар маълумоти нашршуда шарҳи худи ӯ ё вакилаш ва мавқеи мақомоти Филаделфия оварда нашудааст.

Бояд гуфт, иттиҳомҳои зикршуда ҳанӯз маънои исбот шудани гуноҳи ӯро надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.