Чор узви як хонавода дар садамаи маргбор ҷони худро аз даст доданд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат шаш нафар ҷон бохтанд. Ҳодиса субҳи 1-уми августи соли 2026 дар роҳи Норак–Ваҳдат, дар ҳудуди минтақаи Зардолуи шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки чор нафар аз қурбониёни садама аъзои як оила буда, ду нафари дигар низ бо онҳо хешовандӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи қурбониён сокинони ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат будаанд. Тибқи иттилои пешакӣ, садама бар асари бархӯрди ду мошин рух додаст.

Яке аз наздикони қурбониён гуфтааст, ки ин хонавода барои хабаргирии як бемор ба ноҳияи Ёвон рафта буданд ва ҳангоми бозгашт аз тариқи шаҳри Норак ба Ваҳдат ба садама дучор шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни ҳалокшудагон кӯдакон низ ҳастанд.

Мақомоти дахлдор мегӯянд, ки таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то замони нашри ин хабар дар бораи ҷузъиёти садама маълумоти расмӣ пешниҳод накардааст.

Ин ҳодиса дар рух дода, ки дар рӯзҳои ахир чанд садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Қаблан низ дар бораи садамаҳои вазнин бо талафоти ҷонӣ, аз ҷумла ҳалок шудани мусофирон ва кӯдакон дар роҳҳои кишвар хабарҳо нашр шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.