Фирдавс Салоҳов, зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия бар зидди Украина меҷангид, кушта шудааст. Дар ин бора рӯзи 3-юми август Pamir Inside дар истинод ба манобеаш хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, торих ва шароити дақиқи кушта шудани ӯ ҳанӯз маълум нест, аммо таъкид шудааст, ки Салоҳов чанд моҳ пеш бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома баста буд.
Фирдавс Салоҳов соли 1985 таваллуд шуда, қаблан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ва бо лақаби «Фирдавс Киллер» маъруф буда, як давра аз афроди бонуфуз дар минтақаи автовокзали пойтахт ба шумор мерафт.
Манобеи Pamir Inside мегӯянд, ки беш аз даҳ сол пеш Салоҳов Тоҷикистонро пас аз ихтилоф бо афроде аз доираи наздикони Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон тарк карда буд.
Ва солҳои охир Фирдавс Салоҳов дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ карда, ҳамчун мураббии муҳорибаҳои омехта (MMA) фаъолият доштааст ва ба таври касбӣ ба варзиш машғул буд.
То замони нашри хабар, мақомоти Русия ва Тоҷикистон расман марги Фирдавс Салоҳовро тасдиқ накардаанд. Нашрияи Pamir Inside низ гуфтааст, ки таҳқиқ ва дақиқ кардани ҷузъиёти ин ҳодиса идома дорад.
