Замонаҳои душвор инсонҳои нерӯманд мепарваранд,
Одамони нерӯманд зиндагии хубро месозанд,
Зиндагии хуб инсонҳои заъиф мепарварад,
Инсонҳои заъиф замонаҳои душворро рақам мезананд.
Ин ҳарфҳоро ба нависандаи амрикоӣ Майкл Ҳопф нисбат медиҳанд. Аммо, зоҳиран Ҳопф ҳақиқатеро, ки ҳаёт собит сохтааст ва қабл аз ӯ ҳам дигарон ба наҳви дигаре баён кардаанд, ба як қолаб рехтааст. Дар бархе ҳолатҳо ҷои “инсонҳои заъиф” “инсонҳои бад” истифода мешавад. Гуфтаҳое ба ҳамин монанд ба Ибни Халдуну Ҳеродот ва ҳатто Куруши Кабир нисбат медиҳанд. Барои мисол, ривоят мешавад мушовиронаш ба Куруш пешниҳоди ҳамла ба кишваре мекунанд ва далелашон ҳам ин буда, ки “он сарзамин заминҳои нарму ҳосилхезе дорад”. Посухи Куруш ҳам ба ҳамин гуфтаи боло шабеҳ аст, ки мегӯяд “заминҳои нарм инсонҳои нармтар мепарваранд”.
Дастрасии саросарӣ ба интернет – аниқтараш ба маълумот, пешрафти бесобиқаи технолоҷӣ ва болоравии сатҳи зиндагӣ зоҳиран ҳамон марҳалаест, ки инсонҳои заъиф мепарварад. Бо насле, ки дар ин марҳала парварида шуд, “Насли Z” гуфта мешавад. Ин насл аз наслҳои дигаре, ки дар даврони зидагии хуб дар тӯли таърих парварида шудаанду сипас замонаҳои душворро рақам задаанд, комилан фарқ мекунад. Тӯли ҳазорсолаҳо, мафҳум ё сатҳи “зиндагии хуб” ва “замонаҳои душвор” тақрибан яксон буданд ва ҳамеша бо фарқи бисёр андаке такрор мешуданд. Чун на технолоҷӣ буд ва на интернет. Ҳатто як-ду насли қаблии “замонаҳои душвор”, ки технолоҷиро диданд, интернет надида буданд ва технолоҷиашон ҳам дар муқоиса бо имрӯз ба қавли насли Z “ароба” буд.
Дар парвариши насли Z нақши интернет, агар нагӯем кушанда аст, ба ҳадест, ки ҳама чизро тағйир додааст. Ин насл донишашро аз интернет мегирад, динашро аз он омӯхтааст, фарҳангаш интернетӣ ва глобалист, одоб ва рафтору кирдораш баргирифта аз шабакаҳои иҷтимоист. Гузашта аз ин, ин насл аз ҳамагӣ як насл қабл комилан фарқ мекунад ва ҳама чизаш дигар аст:
насли Z дигар бо васоити иттилоотии падару модараш зиндагӣ намекунад – барои онҳо телевизиони давлатӣ манбаъи асосии иттилоъ нест;
ҷаҳонбиниашро на мактабу хонаводаву ҷомеъа, балки Instagram, TikTok, YouTube, Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ шакл медиҳанд;
онҳо ҳарчанд дар Тоҷикистонанд, ҳамзамон бо кулли ҷаҳон зиндагӣ мекунанд;
муҳоҷират онҳоро ба муҳитҳои дигар мепартояд (агар муҳоҷирати падаронашон танҳо ба як муҳити бегона – русӣ буд, ҳоло даҳҳо муҳити дигар илова шудааст);
забон ва фарҳанги насл, инчунин муносибату бархӯрдаш ба давлату ҷомеа тағйир кардааст ва ин тағйирот суръати бештаре касб мекунад;
муносибати насли Z ба дин, оила, издивоҷ, таваллуд, парваришу тарбияи кӯдак, кору муҳоҷират ва ғайра аз насли қаблӣ фарқ мекунад;
муҳимтар аз ҳама: ин насл метавонад аз лиҳози сиёсӣ ғайрифаъол ба назар расад, вале он ҳатман далели бетафовут буданаш нест. Ҳатто агар бетафовутӣ вуҷуд дорад, он метавонад дар они воҳид комилан баръакс шавад. Намунаҳое аз ин гардиши куллӣ аз бетафовутӣ ба фаъъолиро аз ҳоло мушоҳида мекунем – дар бархе кишварҳои Ғарб ин насл бо вуҷуди таблиғи густарда ва тақрибан монополии Исроилу Амрико, на танҳо тарафдори Фаластин аст, балки барои он қиём кардааст. Ва дар кишварҳои дигар низ чунин тағйирот ба нафъи Фаластин бо суръат пеш меравад.
Қаблан “замонаҳои душвор”, ки “инсонҳои заъиф” месохтанд, амалан танҳо аз нигоҳи сийсиву иқтисодӣ душвор буданд. Чун донишу дин ҳамон, суннату одатҳо ҳамон, фарҳанг тағйире накарда ва барои тағйироти фарҳангиву диниву иҷтимоӣ заминае вуҷуд надошт. Аммо насли Z комилан фарқ мекунад ва “замонаи душвор”, ки тибқи суннати таърихӣ ногузир аст ин насл рақам бизанад, ҳамин гуна тафовуташ аз қабл куллӣ хоҳад буд.
Қаблан бархӯрд ва рафтори ҷомеъа, аз ҷумла насли ҷавонро мешуд пешбинӣ кард: равоншиносон, таҳлилгарон, ҷомеъашиносон ва дигар мутахасиссисин бо таҳлили раванду ҳаводис ва таъсири эҳтимолии он ба зеҳни ҷомеъа метавонистанд рафтор ба бархӯрди ояндаи онро то ҳаде пешбинӣ кунанд. На танҳо пешбинӣ, балки дар аксар ҳолот бо истифода аз абзорҳои гуногуни таъсир, мешуд ин рафтор ва бархӯрдро ба самти зарурӣ (зарурӣ ба давлат, қудратҳо ва ғайра) равона кард. Абзорҳои пурқудрате ҳам тӯли таърих вуҷуд доштанд: аз овозаҳои махсус паҳнкардашуда дар қадим ва газетаву телевизион дар авохир.
Ҳоло ин ҳама тағйир кардааст ва ҳеҷ абзоре қудрати пешини таъсирашро надорад. Ва таъсири боқимондааш ҳам бо суръат кам мешавад. Барои мисол, телевизион дигар шояд даҳ дарсад ва ё ҳатто як дарсади таъсири қаблиашро надорад. Гузашта аз ин, абзорҳои навтаъсиси таъсир низ бо суръат таъсирашонро аз даст медиҳанд ва то замоне, ки созандагони абзорҳо ё ҳукумату қудратҳо аз он истифодаи лозим кунанд, қудраташон то ҳади ғайри қобили таъсири зарурӣ кам мешавад. Аз тарафи дигар чун абзорҳо глобалӣ ва чандқутбиянду ҷомеъа, бахусус насли нав, ба ҳар кадомаш дастрасии баробар дорад, таъсирҳо бо ҳам омехта мешаванд ва ҷои ба як самт равон кардани зеҳни ҷомеъа, бештар ҳадафи самтҳоро барояшон ошкор месозанд.
Хатарноктарин ҷиҳат ҳам ҳамин аст. Касе намедонад дар зеҳни насли нав чист, бештар зери кадом таблиғ рафтааст, ҷаҳонбиниаш, динаш, андешааш чӣ гуна аст, аз он ҳама сели маълумоту таблиғот чи чизе барои худаш гирифаасту дар зеҳнаш чи тасвире аз зиндагӣ шакл додааст. Ва муҳимтар аз ҳама, вақте ба ин натиҷа расид, ки дигар намехоҳад мисли пештара зиндагӣ кунад (шарти дуввуми вазъияти револютсионӣ тибқи формулаи Ленин) чӣ тасмиме хоҳад гирифт ва ба чи корҳое даст хоҳад зад. Шарти аввали вазъияти револютсионии Ленин кайҳо дар кулли ҷаҳон фаро расидааст. Мисоли равшани онро мо дар Амрикову Русия мебинем – ҳукуматҳо дигар қодир нестанд мисли пештара идора кунанд. Қудрати идораи мисли қаблро аз даст додани ҳукуматҳои Амрикову Русия барои он пеш аз дигарон бармало шуд, ки онҳо вориди бӯҳрон шуданд – яке дар Укроин ва дигаре дар Ирон, аниқтараш Халиҷи Форс. Камтарин бӯҳрон дар ҳар кишваре метавонад ин ҳақиқатро барои ҷомеъа, бахусус насли мунтазири фурсати Z рӯшан созад, ки ҳукумати кишвараш дигар тавони идораи онро надорад. “Насли мунтазири фурсат” ба ин маънӣ нест, ки ин насл ҳамин ҳоло огоҳона омодаи инқилоб аст ва танҳо фурсат мепояд, то вориди саҳна шавад, на. Мунтазири фурсат будан метавонад ноогоҳона бошад.
Аҷибаш ин аст, ки дар сурати қиёми насли Z формулаи қаблӣ ва ҳамешагии инқилоб ҳам метавонад тағйир кунад: “Инқилобро нобиғаҳо тарҳрезӣ мекунанд, беақлҳо (девонаҳо, маҷнунҳо) анҷом медиҳанд ва фурӯмоягон аз он баҳраманд мешаванд.” (Ин гуфтаи Отто фон Бисмарк аст, аммо мисли ҳамон гуфтаи аввал ҳақиқати таърихиест ва Бисмарк онро танҳо ба қолаб даровардааст) Ин формула чӣ гуна ва ба кадом самт тағйир мекунад ҳам қобили пешбинӣ нест – насли Z метавонад ҳам нобиғае бошад, ки инқлобро тарҳрезӣ кунад, ҳам девонае, ки онро анҷом диҳад ва ҳам фурӯмояе, ки ба самароти он даст ёбад.
Ё метавонад аслан ин формула дигар коромад надошта бошад ва барои тарҳрезиву барпо кардани инқилобу даст ёфтан ба самароти он на нобиғае лозим шавад, на девонае ва на фурӯмояе.
Яъне инқилобе инқилобӣ, ки касе нахоҳад донист то куҷо метавонад бирасад.
