Дар Полша низ мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратиро сахттар кунанд

Сарвазири пешини Лаҳистон Матеуш Мораветский дар як ҳамоише дар Варшава барномаи нави муҳоҷиратии иттиҳоди сиёсии “Rozwój Plus”-ро муаррифӣ кард.

Ин барнома таъсиси хадамоти алоҳидаи ихроҷи муҳоҷирон, ҷорӣ кардани низоми инфиродии сабти хориҷиён, маҳдуд кардани муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо ва талаботи сахт барои ассимилятсияи онҳое, ки мехоҳанд дар Лаҳистон зиндагӣ кунанд, пешбинӣ мекунад.

Мораветский дар шарҳи ин барнома гуфта, ки Лаҳистон бояд аз модели чандфарҳангӣ даст кашида, аз хориҷиён риояи қонунҳои кишвар, эҳтиром ба фарҳанги лаҳистонӣ, донистани забон ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро талаб кунад.

Яке аз пешниҳодҳои асосӣ таъсиси ба истилоҳ “ҳисоби инфиродии муҳоҷир” буда, қарор аст дар як низоми ягона маълумот дар бораи қонунӣ будани будубош ва кори шаҳрванди хориҷӣ, андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии ӯ, инчунин қонуншиканиҳои эҳтимолӣ ҷамъоварӣ шавад.

Пешниҳоди дигари Мораветский механизми “огоҳии депортатсионӣ” буда, тибқи он агар шаҳрванди хориҷӣ ба амнияти Лаҳистон таҳдид кунад, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ бояд ҳамзамон огоҳӣ гирифта, фавран раванди ихроҷи ӯро оғоз кунанд.

Барои иҷрои чунин қарорҳо “Rozwój Plus” пешниҳод кардааст, ки хадамоти махсуси депортатсионӣ таъсис дода шавад ва фаъолияти чунин ниҳод бояд ба яке аз абзорҳои иловагии таъмини амният дар шаҳрҳои Лаҳистон табдил ёбад.

Дар барнома ҳамчунин таъсиси мақоми вазири муҳоҷират ва ассимилятсия пешниҳод шуда, ин вазир бояд, аз ҷумла, шумораи коргарон аз кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупоро маҳдуд кунад ва рӯйхати касбу соҳаҳоеро муайян намояд, ки иқтисоди Лаҳистон воқеан ба нерӯи кории хориҷӣ ниёз дорад.

Бо вуҷуди ин намояндагони “Rozwój Plus” эътироф кардаанд, ки дар баъзе бахшҳо Лаҳистон ҳанӯз бо камбуди нерӯи корӣ рӯбарӯст. Аммо тибқи ин пешниҳод, давлат бояд худ ҷалби шаҳрвандони хориҷиро бо назардошти тахассуси касбӣ, донистани забон ва наздикии фарҳангии онҳо танзим кунад, на ин ки ин раванд асосан дар ихтиёри ширкатҳои миёнарав боқӣ монад.

Яке аз намояндагони ин иттиҳод Лукаш Шрайбер ҳамчунин эҳтимоли баргузории раъйпурсӣ ва дар сурати зарурат муваққатан боздоштани иштироки Лаҳистон дар бахши заминии минтақаи Шенгенро матраҳ кардааст.

Ҳамзамон «Rozwój Plus» пешниҳод кардааст, ки барои шаҳрвандони Лаҳистон, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, шароити бозгашт ба кишвар осонтар ва коҳиши 50-дарсадии андоз аз даромад (PIT) дар панҷ соли аввали пас аз бозгашт, инчунин имтиёзҳо ҳангоми иҷора ё хариди манзил пешниҳод шудаанд.

Пешниҳодҳои муаррифишуда ҳоло қонунҳои амалкунанда нестанд. “Rozwój Plus” қасд дорад машваратҳо баргузор карда, барномаи муҳоҷиратиро то интихоботи порлумонии соли 2027 такмил диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.