СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Афви Байналмилал аз мақомоти Афғонистон хостаанд, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.

Тибқи иттилои Ҳайати намояндагии СММ дар Афғонистон (UNAMA), дар натиҷаи ин ҳодиса 42 кӯдаки аз 9 то 14-сола захмӣ шудаанд. Таркиш дар наздикии як маркази таълимӣ дар маҳаллаи Дашти Барчӣ — яке аз минтақаҳои сераҳолии ғарби Кобул, рух додааст.

UNAMA бо изҳори ҳамдардӣ ба кӯдакони осебдида ва хонаводаҳои онҳо таъкид кардааст, ки муассисаҳои таълимӣ бояд ҷойҳои амн барои таҳсил бошанд ва кӯдакон набояд қурбонии хушунатҳо гарданд.

Созмони Афви Байналмилал низ аз мақомоти Афғонистон даъват кардааст, ки омилони ин ҳодисаро муайян намуда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ба гуфтаи ин созмон, таҳқиқ бояд ба таври шаффоф анҷом шавад, то ҳақиқати ҳодиса маълум гардад.

Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки эҳтимол таркиш бар асари норинҷаки дастӣ ба вуҷуд омадааст. Аммо то ҳол тафсилоти пурраи ҳодиса ва сабаби дақиқи он расман эълон нашудааст. Бархе манбаъҳо эҳтимоли даст доштани гурӯҳи «Давлати исломӣ — Хуросон» (ДИИШ)-ро низ матраҳ кардаанд, аммо ҳеҷ гурӯҳ то ҳол масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда нагирифтааст.

Маҳаллаи Дашти Барчӣ, ки аксари сокинонаш аз ҷомеаи ҳазораҳо мебошанд, солҳои охир борҳо ҳадафи ҳамлаҳои хунин қарор гирифтааст. Дар гузашта низ марказҳои таълимӣ, мактабҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии ин минтақа мавриди ҳамла қарор гирифта, садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ мегӯянд, ҳамла ба муассисаҳои таълимӣ ва ҳадаф қарор додани кӯдакон аз нигарониҳои асосии вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон боқӣ мемонад. Онҳо аз мақомоти ҳокими Афғонистон даъват мекунанд, ки барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон, махсусан кӯдакон ва гурӯҳҳои осебпазир чораҳои муассир андешанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.