Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин аз ӯ хост, барои хотима додан ба ҷанги Украина талош кунад ва роҳи ҳалли осоиштаро пеш гирад.

Мулоқоти ду раҳбар дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) 31-уми августи 2026 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Моди дар ҷараёни ин дидор гуфт: “Ба мо хатми ҷанг лозим аст, на ҷанги беохир. Мо бояд ҳамаи мушкилотро бо роҳи сулҳ ҳал кунем. Ин ҳамон чизест, ки тамоми инсоният мехоҳад ва паёми Ҳиндустон низ ҳамин аст.”

Владимир Путин дар посух гуфт, ки Русия низ аз роҳи муколама ҷонибдорӣ мекунад ва афзуд: “Мо бо ҳамин роҳ пеш меравем.”

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва аз он замон ҷанги ду кишвар идома дорад. Ин даргирӣ ба яке аз бузургтарин буҳронҳои низомӣ ва башардӯстонаи Аврупо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Миллионҳо нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд ва ҳазорон иншооти шаҳрвандӣ ва зерсохторӣ хароб гардидааст.

Бо вуҷуди даъватҳои пайваста ба сулҳ, дар рӯзҳои охир ҷанг шиддати бештар гирифтааст. Мақомоти Украина рӯзи 29-уми август эълон карданд, ки шумори қурбониёни ҳамлаи бесарнишинҳои Русия ба як анбор дар ноҳияи Бучанскии вилояти Киев ба 37 нафар расида, беш аз 40 каси дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар ин анбор муҳимоти низомӣ нигоҳдорӣ мешуд ва пас аз ҳамла таркишҳои пайдарпай рух дода, боиси талафоти зиёд гардид. Ҳамчунин садҳо сокини маҳаллӣ аз минтақа кӯчонида шуданд.

Дар баробари ин, Украина низ дар ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳои худро ба дохили Русия густариш додааст. Ба гуфтаи мақомоти рус, нерӯҳои украинӣ бо истифода аз паҳподҳо ва мушакҳо чандин анбори сӯзишворӣ, махзанҳои нафту бензин, инчунин дигар иншооти логистикӣ ва низомиро дар қаламрави Русия ҳадаф қарор додаанд. Ин ҳамлаҳо боиси сӯхтор ва халалдор шудани фаъолияти баъзе иншооти муҳими энержӣ шудаанд.

Шиддат гирифтани ҳамлаҳои ду ҷониб баёнгари он аст, ки бо вуҷуди талошҳои дипломатӣ ва даъватҳои байналмилалӣ барои сулҳ, дурнамои поён бахшидани ҷанг ҳанӯз ҳам номаълум аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.