Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и пойтахтро бо иттиҳоми “тундгароӣ” ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз ҷараёни парванда ва сабаби дақиқи маҳкумияти ӯ маълумоти кофӣ надоранд.

Мурофиаи додгоҳӣ, ба гуфтаи пайвандони Давлатов, дар аввали моҳи август баргузор шуда, барои онҳо имкони ҳузур дар ҷаласа фароҳам нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол дар бораи ҷузъиёти парванда, асосҳои айбдоркунӣ ва моддаи қонуне, ки бар асоси он ҳукм содир шудааст, иттилои расмӣ надодаанд.

Давлатов қаблан дар Русия зиндагӣ ва кор мекардааст. Наздиконаш мегӯянд, ӯ моҳи марти соли ҷорӣ аз Санкт-Петербург ба Тоҷикистон баргардонда шуда, баъди як бозпурсӣ озод гардидааст. Аммо тақрибан панҷ моҳ баъд дубора боздошт шудааст.

Яке аз наздикони ӯ мегӯяд, баъдтар фаҳмидаанд, ки раиси маҳлла ба мақомот маълумот додааст ва пас аз он Давлатов дубора боздошт шудаст. Аз замони боздошти дувум, ба гуфтаи пайвандон, онҳо дигар натавонистаанд бо ӯ тамос гиранд.

Сабаби дигари номуайянӣ барои хонаводаи Давлатов ин аст, ки онҳо танҳо дар бораи иртиботи ӯ ба модари Парвиз Зоиров маълумот гирифтаанд. Ба гуфтаи наздикон, ба онҳо гуфта шудааст, ки Давлатов гӯё ба модари Зоиров кӯмак кардааст, аммо маълум нест, ин кӯмак чӣ будааст ва чӣ гуна ба парвандаи ҷиноятӣ пайванд дода шудааст.

Парвиз Зоиров низ аз сокинони маҳаллаи “Дарвоз” мебошад. Ӯ моҳи октябри соли гузашта аз Фаронса ба Тоҷикистон истирдод шуда ва баъдан бо ҳукми додгоҳ ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.

То замони нашри ин хабар маълум нест, ки худи Раҷабалӣ Давлатов нисбат ба иттиҳомоти зидди ӯ чӣ мавқеъ дорад ва оё онҳоро эътироф кардааст ё на.

Ҳодисаи Давлатов дар пасманзари боздоштҳои пайдарпайи сокинони маҳаллаи “Дарвоз” сурат мегирад. Дар ду соли охир номи ин маҳалла чандин бор дар робита ба парвандаҳои марбут ба иттиҳомҳои ифротгароӣ, узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ ва барангехтани адовати динӣ ва мазҳабӣ расонаӣ шудааст. Наздикони бархе аз боздоштшудагон қаблан чунин иттиҳомотро рад кардаанд.

Раҷабалӣ Давлатов фарзанди ягонаи хонавода буда, падару модари ӯ чанд сол пеш даргузаштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.