Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Мақомоти тафтишотӣ парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристодаанд.

Дар робита ба куштори ӯ ду сокини Исфара Эҳсон Бобоеви 31-сола ва Юсуф Шарифови 46-сола муттаҳам ҳастанд. Аммо хонаводаи Содиқов мегӯяд, таҳқиқи қазия барои онҳо ҳанӯз саволҳои беҷавоб боқӣ гузоштааст.

Абдусалом Содиқов, писари Домулло Абдуманнон, рӯзи 3-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки тафтиши парванда анҷом ёфта, он рӯзи 27-уми августи соли ҷорӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, хонавода бар ин назар аст, ки дар қазия нафари дигаре низ нақш дорад. Абдусалом мегӯяд, падараш ба ин нафар эътимод дошт ва маҳз ба ҳамин далел наздикон мехостанд ӯ яке аз афроди асосии мавриди таҳқиқ бошад. Ба гуфтаи ӯ, додситон ба хонавода шарҳ додааст, ки ин шахс мустақиман дар саҳнаи куштор ҳузур надоштааст.

Номи шахсе, ки хонавода аз ӯ ёд мекунад, нашр нашудааст ва маълум нест, мақомоти тафтишотӣ нақши эҳтимолии ӯро то кадом андоза санҷидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Домулло Абдуманнон охири моҳи апрели соли ҷорӣ нопадид шуда, пас аз чанд рӯз ҷасади ӯро дар ҳудуди як манзили нотамом дар деҳаи Чорбоғи Исфара пайдо карданд.

Тибқи фарзияи расмии мақомот, ин ду нафар рӯзи 27-уми апрел тақрибан соати 03:00 Содиқов Маннонро бо баҳонаи ба шаҳри Душанбе рафтан ва аз маҳбас озод намудани фарзандаш Содиқов Абдусалом, ба мошини тамғаи “BMW”, рақами қайди давлатиаш 33-77 ZZ 02 савор карда, ба самти шаҳри Исфара ҳаракат кардаанд.

Аммо “гумонбарон дар дохили мошин дастони Содиқов Маннонро бо ресмон баста, 100.000 доллари ИМА-ро, ки бо худ доштааст, тасарруф намуда ва ба хонаи сохтмонаш нотамоми Юлдошев Абдунабӣ бурда, дар таҳхонаи он бо истифода аз корди хоҷагӣ, 9 маротиба, аз ҷумла 2 маротиба ба қисми чапи китф ва 7-маротиба ба қисмати рости гардани Содиқов Маннон зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидаанд ва ҷасдро дар саҳни манзили истиқоматӣ зери хок намудаанд.”

Тибқи маълумоти иловагие, ки ба дасти Azda.tv расид, гумонбарон худро корманди амният (КДАМ) муаррифӣ карда, ӯро бо худ бурдаанд. Аммо ҷасадаш субҳи 4-уми май бо захми 11 зарби корд пайдо гардидааст.

Бояд гуфт, Содиқов Маннон раиси собиқи бахши ҲНИТ дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара буда, аз соли 2014 аз ҷониби мақомот мавриди таъқиб қарор гирифта, ба зиндон маҳкум шуда буд. Аммо дар охири соли 2015 аз маҳбас озод гардид.

Фарзанди марҳум, Содиқов Абдусалом низ моҳи октябри соли 2024 бо иттиҳомоти интиқоли пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардида, барои 7 сол равонаи зиндон гашта буд ва чанде пеш бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.