Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.
Бо ин иқдом, Кувайт пас аз Арабистони Саудӣ ва Қатар сеюмин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс аст, ки дар Тоҷикистон намояндагии доимии дипломатии худро дорад.
Расонаҳои давалтии Тоҷикистон мегӯянд, ба муносибати оғози фаъолияти сафорат, ин ниҳоди дипломатӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишварро ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, барои кишвар амният, суботи пойдор, пешрафт ва шукуфоӣ орзу кард.
Дар паёми сафорат ифтитоҳи намояндагии дипломатии Кувайт дар Душанбе “марҳилаи муҳиме дар рушди муносибатҳои дуҷониба” арзёбӣ шуда, таъкид шудааст, ки ин иқдом аз иродаи ҳар ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рушд ва фарҳанг шаҳодат медиҳад.
Сафорати Кувайт ҳамчунин изҳор доштааст, ки барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба талош хоҳад кард. Дар баёния инчунин ба аҳамияти ҳамоҳангии Тоҷикистону Кувайт дар доираи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ишора шудааст.
Муносибатҳои ду кишвар солҳои охир рӯ ба густариш доранд. Аз ҷумла, Фонди кувайтии рушди иқтисоди арабӣ барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 100 миллион доллар қарз ҷудо карда, ҳамчунин барои татбиқи лоиҳаи рушди мактабҳо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст. Тоҷикистон низ аз соли 2013 дар Кувайт сафорати худро дорад.
