Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.
Дар ин бора Хадамоти марзбонии Лаҳистон ба нашрияи “MOST“ пас аз чанд мавриде хабар додааст, ки шаҳрвандони Беларуси муқими ин кишвар дур аз хона мавриди санҷиш қарор гирифтанд ва шиноснома ҳамроҳашон набудааст.
Яке аз чунин ҳолатҳо дар минтақаи “Bieszczady” рух дода, сайёҳон шиносномаҳои худро дар манзили иҷора гузошта, ба кӯҳ баромада будаанд. Пас аз санҷиш яке аз онҳо маҷбур шудааст барои овардани ҳуҷҷатҳо баргардад ва ду нафари дигар тақрибан ду соат дар шуъбаи Хадамоти марзбонӣ мунтазир мондаанд.
Дар мавриди дигар ҳунарманди беларус Александр Жданович ва ҳамроҳонаш ҳангоми саёҳат бо қаиқ мавриди санҷиши ҳуҷҷатҳо қарор гирифтанд. Онҳо бо худ корти иқомат доштанд, аммо шиносномаашон набудааст.
Намояндаи Хадамоти марзбонӣ, Анна Собеска-Текень ба ин нашрия шарҳ додааст, ки қонунгузории Лаҳистон аз шаҳрванди хориҷӣ талаб мекунад, ки санади эътиборноки сафар дошта бошад, аммо мафҳуми “доштан” маънои онро надорад, ки шахс бояд шабонарӯзӣ нусхаи аслии шиносномаро дар ҷайби худ нигоҳ дорад.
Агар ҳангоми санҷиш шиноснома ҳамроҳи шахс набошад, ин ҳолат қонуншиканӣ ҳисоб намешавад, вале шаҳрванди хориҷӣ бояд нишон диҳад, ки нусхаи аслии ҳуҷҷат дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад ва имконият диҳад, ки кормандон онро ҳарчи зудтар санҷанд.
Масалан, агар шиноснома дар хона ё меҳмонхона монда бошад, бояд маҳалли дақиқи нигаҳдории он гуфта шавад ва барои пешниҳоди ҳуҷҷат мусоидат карда шавад.
Дар ҳамин ҳол ин намояндаи Хадамоти марзбонӣ таъкид кардааст, ки “karta pobytu” ё корти иқомат ҳангоми санҷиши қонунӣ будани будубоши хориҷӣ дар Лаҳистон ҷойи шиносномаро гирифта наметавонад.
Нусхаи шиноснома, аз ҷумла нусхаи нотариалӣ, скан ё акси он дар телефон низ ҳамчун санади аслии сафар эътибор надорад ва Кормандони ин ниҳод ҳақ доранд ҳангоми санҷиш нусхаи аслии шиносномаи эътиборнокро талаб кунанд.
Ва агар шаҳрванди хориҷӣ бо талаби мақомоти ваколатдор санадеро, ки ҳуқуқи будубоши ӯро тасдиқ мекунад ё ҳуҷҷати сафарро пешниҳод накунад, мумкин аст ҷарима шавад.
Ҳамчунин агар нисбат ба шахсияти муҳоҷир шубҳа пайдо шавад, кормандон метавонанд ӯро барои муайян кардани шахсияташ то 48 соат боздошт кунанд.
