Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 11-уми сентябр хабар доданд, ки нахустин нишасти ин кишвар бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Сеул баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок хоҳанд кард.

Ин нахустин мулоқоти бисёрҷонибаи сатҳи сарони давлатҳо миёни Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Ба иттилои расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ, раисиҷумҳури ин кишвар Ли Ҷэ Мён пеш аз оғози нишасти умумӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Муколамаи Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ аз соли 2007 дар доираи Форуми ҳамкорӣ оғоз шуда буд ва то имрӯз асосан дар сатҳи вазирон идома дошт.

Нишасти дарпешистода аввалин қадаме мебошад, ки дар сатҳи раҳбарони давлатҳо анҷом мешавад. Дар меҳвари музокирот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши маъданҳои стратегӣ, энержӣ, технологияҳои рақамӣ, ҳуши маснуӣ, илм, захираҳои обӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим қарор хоҳанд гирифт. Интизор меравад, ки дар анҷоми нишаст “Эъломияи Сеул” қабул шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ рӯзи 16-уми сентябр барои иштирок дар ин нишаст ба Сеул меравад. Дар доираи сафари ӯ мулоқоти дуҷониба бо раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷэ Мён пешбинӣ шудааст. Дар ҳошияи нишаст ҳамоиши тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он тақрибан 500 намояндаи ширкатҳо ва ниҳодҳои давлатӣ иштирок мекунанд. Ҳадафи он густариши робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя миёни кишварҳр гуфта мешавад.

Барои Тоҷикистон Кореяи Ҷанубӣ яке аз шарикони муҳими иқтисодӣ ва рушд ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои маориф, технология, сармоягузорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ солҳои охир бештар шудааст.

Нишасти Сеул дар замоне баргузор мешавад, ки таваҷҷуҳи кишварҳои пешрафта ба Осиёи Марказӣ, бахусус ба захираҳои энергетикӣ ва маъданҳои нодири минтақа, бештар шудааст. Барои Кореяи Ҷанубӣ густариши ҳамкорӣ бо ин минтақа метавонад ба таъмини занҷираҳои нави таъминот ва рушди соҳаҳои технологӣ мусоидат кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.

Тоҷикистон барои дарёфти то 1,8 миллиард доллар бояд ислоҳот гузаронад

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар солҳои 2026–2032 барои Тоҷикистон то 1,8 миллиард доллар маблағ ҷалб кунад.

Австрия дархости истирдоди Нуриддин Ризоиро низ рад кард

Додгоҳи Австрия дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Нуриддин Ризоӣ — яке аз фаъолони собиқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва паноҳҷӯи сиёсӣ дар ин кишварро рад кардааст.