Додгоҳи Австрия дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Нуриддин Ризоӣ — яке аз фаъолони собиқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва паноҳҷӯи сиёсӣ дар ин кишварро рад кардааст.
Дар ҷаласаи додгоҳӣ, ки рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Вена баргузор шуд, додрас ба ин натиҷа расидааст, ки барои интиқоли ӯ ба Тоҷикистон ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданаш асоси кофӣ вуҷуд надорад.
Дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми сентябр хабар дод. Ба иттилои ин расона, мақомоти Тоҷикистон Ризоиро ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ тавассути матбуот ва интернет” муттаҳам кардаанд. Парванда алайҳи ӯ соли 2014 боз шуда буд.
Нуриддин Ризоӣ, ки қаблан узви фаъоли созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” буд, иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, ки парванда алайҳи ӯ хусусияти сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, муҳокима дар Австрия кӯтоҳ идома кард ва додрас баъди баррасии масъала қарор кард, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод намешавад.
Ризоӣ солҳои зиёд дар Австрия зиндагӣ мекунад ва мақоми паноҳандагии сиёсӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки соли 2021 аз фаъолияти сиёсӣ канорагирӣ кардааст, аммо бо вуҷуди ин номи ӯ ҳанӯз дар парвандаҳои марбут ба мухолифон зикр мешавад.
Созмони “Гурӯҳи 24“, ки соли 2012 таъсис ёфта буд ва сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, соли 2014 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнуъ ва “экстремистӣ” эълон шуд. Аъзои ин созмон ин тасмимро сиёсӣ арзёбӣ кардаанд.
Ин аввалин ҳолат нест, ки додгоҳҳои Аврупо дархостҳои истирдоди мухолифони тоҷикро рад мекунанд. Пештар додгоҳҳои Австрия дархости истирдоди чанд нафари дигар, аз ҷумла Фирдавс Шукуров ва Шавкати Муҳаммадро низ қабул накарда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир барои бозгардонидани баъзе аз мухолифон ва фаъолони сиёсӣ аз хориҷ муроҷиат кардаанд. Аммо афроде, ки дар ин парвандаҳо муттаҳам шудаанд, мегӯянд, ки иттиҳомҳо нисбат ба онҳо асоси воқеӣ надоранд.
Қарори ахири додгоҳи Австрия бори дигар баҳси миёни мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқро дар бораи таъқиби мухолифони ҳукумат дар хориҷ аз кишвар матраҳ кардааст.
