Номи Умар Кремлёв, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), баъди нашри таҳқиқоти нашрияи амрикоии ProPublica дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.
Нашрияи мазкур рӯзи 14-уми сентябр гузориш дод, ки Кремлёв қисми зиёди хароҷоти ҷашнҳои баъди тӯйи Доналд Ҷон Трамп, машҳур бо Доналд Трампи хурдӣ писари президенти Амрико Доналд Трампро пардохт кардааст. Ба навиштаи ProPublica, сухан аз садҳо ҳазор доллар хароҷот, аз ҷумла иҷораи ҷазираи хусусӣ ва баргузории ҷашн меравад.
Худи Трампи хурдӣ ва ҳамсараш ин маълумотро рад накарда, гуфтаанд, ки Кремлёв “дӯсти наздик”-и онҳо аст ва маблағгузории ҷашн танҳо як “туҳфаи саховатмандонаи арӯсӣ” буда, ангезаи сиёсӣ надоштааст.
Дар ИМА коршиносони ахлоқи давлатӣ ва баъзе собиқ масъулони FBI мегӯянд, вақте шахсе, ки бо ҳукумати як кишвари хориҷӣ робитаи наздик дорад, ба фарзанди президенти амалкунанда туҳфаи гаронбаҳо медиҳад, ин метавонад масъалаҳои ахлоқӣ ва ҳатто амниятиро ба миён орад. Ба гуфтаи онҳо, чунин туҳфаҳо метавонанд ҳамчун роҳи ба даст овардани нуфуз ё дастрасӣ ба доираҳои ҳокимият арзёбӣ шаванд.
Дар ҳамин ҳол, Умар Кремлёв барои Тоҷикистон низ шахси шинохта аст. Ӯ моҳи июни соли ҷорӣ ба Душанбе сафар карда, ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба сохтмони Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор дар ноҳияи Сино оғоз бахшид. Ба иттилои мақомоти шаҳр, маҷмааи варзишӣ барои 7000 тамошобин пешбинӣ шуда, дар канори он меҳмонхонаи дорои 340 ҳуҷра бунёд мешавад.
Кремлёв, ки насаби аслиаш Лутфуллоев аст, соли 1982 дар шаҳри Серпухови Русия таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 2020 раҳбарии Ассотсиатсияи байналмилалии боксро бар уҳда дорад. Падари ӯ Назар Сафаров, зодаи шаҳри Ҳисори Тоҷикистон мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар сиёсати байналмилалӣ робитаҳои шахсӣ, варзишӣ ё тиҷоратӣ на ҳамеша маънои ҳамкории сиёсиро доранд. Аммо вақте номи як шахс дар канори намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳои гуногун такрор мешавад, ин табиатан таваҷҷуҳи бештареро аз ҷониби расонаҳо ва таҳлилгарон ба вуҷуд меорад.
Дар мавриди Трампи хурдӣ, баҳс асосан ба паҳлуҳои ахлоқӣ ва шаффофият марбут аст. То кунун ягон мақоми амрикоӣ эълон накардааст, ки дар ин қазия қонуншиканӣ рух додааст ва худи оилаи Трамп низ таъкид мекунад, ки маблағгузории ҷашн танҳо “туҳфаи як дӯст” будааст.
