ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори “Крокус Сити Ҳолл” ба зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи федералии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳаммад Шарифуллоҳ, шаҳрванди Афғонистонро дар узвият бо “Давлати исломӣ – Шохаи Хуросон” (ДИИШ-Хуросон) ва даст доштан дар ҳамлаҳои хунин, аз ҷумла ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав муттаҳам дониста, ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора расонҳои Амрико бо такия ба Вазорати адлияи ИМА рӯзи 16-сентябр хабар доданд. 

Ба гуфтаи додситонии ИМА, Шарифуллоҳ аз соли 2016 то боздошташ дар соли 2025 дар сафи ДИИШ-Хуросон иштирок доштааст. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ӯ ҳадди ақал ба чаҳор ҳамлагари “Крокус Сити Ҳолл” тарзи истифодаи автомати “Калашников” ва дигар силоҳҳоро омӯзонида, ҳангоми анҷоми ҳамла низ бо онҳо дар иртибот будааст. 

Ҳамчунин ӯ барои расонидани кумаки моддӣ ба ДИИШ-Хуросон дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ ба дарвозаи Abbey Gate-и фурудгоҳи Кобул дар соли 2021 гунаҳкор дониста шуд. Бо вуҷуди ин, ҳайати ҳакамон ба хулосаи ягона нарасиданд, ки ӯ шахсан дар ҳамон таркиш масъулияти мустақим доштааст ё на. 

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-уми марти соли 2024 рух дода, бар асари он беш аз 140 нафар кушта шуданд. Мақомоти Русия иҷрокунандагони асосии ҳамларо шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ карданд. Баъдан додгоҳ дар Русия чор ҳамлагари эҳтимолӣ ва чандин гумонбари дигарро ба муҳлати тӯлонӣ ва ҳабси абад маҳкум кард. 

Пас аз ин ҳамла вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия, бахусус шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба таври назаррас тағйир ёфт. Дар саросари Русия санҷишҳои густардаи муҳоҷиратӣ, боздоштҳо, ихроҷи муҳоҷирон ва маҳдудиятҳои нав зиёд шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва намояндагони диаспораҳо аз афзоиши муносибати бадбинона нисбат ба муҳоҷирон ва афзоиши фишор болои онҳо хабар дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.

Иқтисод рушд мекунад, вале қарзҳо ҳам зиёд мешаванд. Чаро?

Президент мегӯяд, иқтисод 7,8% рушд кардааст, вале намояндагони ҳукумат дар Лондон барои ҷалби сармоя бо бонкҳо ва муассисаҳои молӣ гуфтушунид доранд.

Бо дахолати Амрико Лукашенко 25 маҳбуси сиёсиро озод кард

Пас аз муокирот бо намояндаи вежаи Амрико, мақомоти Беларус 17-уми сентябр 25 маҳбуси сиёсиро аз зиндон озод карданд.