Ҷанг дар Ховари Миёна, Украина, Ғазза, ояндаи СММ, тағйири иқлим ва танзими ҳушни маснуӣ аз мавзуъҳои асосии суханрониҳои раҳбарони ҷаҳон дар ду рӯзи ахир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буданд.
Ҷаласаи 81-уми Маҷмаи умумии СММ аз 22-юми сентябр дар Ню-Йорк идома дорад ва баҳси умумии сатҳи баланд то 28-уми сентябр идома хоҳад кард. Имсол тақрибан 130 роҳбар ё намояндаи баландпояи кишварҳо барои суханронӣ дар ин минбар ҷамъ омадаанд.
Аммо дар суханрониҳои рӯзи 23-юми сентябр масъалаи ҷанги Амрико ва Эрон ва талошҳо барои пайдо кардани роҳи дипломатии анҷоми он дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Президенти Эрон: таҳдид қабул намекунем, аммо роҳи музокира боз аст
Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар суханронии худ ба суханони як рӯз пеши Доналд Трамп посух дод. Трамп дар Маҷмаи умумӣ таҳдид карда буд, ки агар созиш ба даст наояд, ИМА метавонад Эронро “нобуд кунад”.
Пизишкиён ин фишорро рад карда, гуфт, ки Эрон дар баробари таҳдид таслим нахоҳад шуд. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки роҳи дипломатӣ пурра баста нашудааст ва музокира метавонад барои хотима додан ба ҷанг истифода шавад.
Президенти Эрон дар суханронии худ ҳамчунин аксҳои раҳбари пешини Эрон Алӣ Хоманаӣ ва кӯдакони кушташуда дар ҳамлаҳо ба Эронро нишон дод ва ИМА-ро ба ҳамла ба аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Ин суханронӣ дар ҳоле садо дод, ки намояндагони ИМА ва Исроил ҳангоми суханронии Пизишкиён толорро тарк карданд.
Дар пасманзари ин баҳсҳо гуфта мешавад, рӯзи 23-юми сентябр кишварҳои миёнҷигар музокироти ғайримустақими ИМА ва Эронро дар канори ҷаласаи СММ пеш бурданд. Тибқи гузориши “Reuters“, ду тараф ҳанӯз дар мавқеъҳои худ дур аз ҳам қарор доранд, вале дипломатия идома дорад.
Зеленский: фишори иқтисодӣ ба Русияро идома диҳед
Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 23-юми сентябр аз кишварҳо хост фишори иқтисодӣ ба Русияро идома диҳанд.
Ӯ Русияро масъули идомаи ҷанг донист ва гуфт, ки маҳдуд кардани даромадҳои Маскав метавонад қобилияти идомаи амалиёти низомии онро коҳиш диҳад.
Аммо дар баробари ин, Зеленский дар Ню-Йорк аз омодагии Киев барои поён додани ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии Русия, ба шарте ки Маскав низ ҳамла ба шабакаи энергетикии Украинаро қатъ кунад, хабар дод.
Ӯ инро “поёни ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикӣ” номид ва гуфт, ки чунин иқдом метавонад роҳи коҳиши шиддат ва боз шудани роҳи дипломатиро фароҳам кунад.
Зеленский инчунин дар суханрониаш гуфт, Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ супурдааст. Ба гуфтаи ӯ, раҳбари Кореяи Шимолӣ аз сарбозонаш дар ҷанги Русия алайҳи Украина истифода мекунад.
Сурия: Димишқ аз Исроил хост аз қаламрави ишғолшуда хориҷ шавад
Мавзуи дигаре, ки дар суханрониҳои раҳбарони кишварҳо мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт, суханронии раисҷумҳури Сурия Аҳмад аш-Шаръ буд. Аш-Шараъ низ рӯзи 23-юми сентябр дар Маҷмаи умумӣ суханронӣ карда, хуруҷи Исроил аз қаламравҳои Сурияро талаб кард.
Ӯ гуфт, ҳамлаҳои Исроил ба раванди барқарорсозии Сурия баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид мекунанд. Ӯ иддао кард, ки аз ҷониби Исроил дар Сурия садҳо ҳамлаи ҳавоӣ, зиёда аз ҳазор воридшавии низомӣ ва садҳо боздошт сурат гирифтааст.
Аргентина ва баҳси ҷазираҳои Фолкленд
Баҳси дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ин дубора матраҳ кардани масъалаи ҷазираҳои Фолкленд дар Маҷмаи умумӣ СММ аз ҷониби президенти Аргентина Хавьер Милей буд.
Ӯ рӯзи 23-юми сентябр зимни суханронияш СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар баробари афзоиши танишҳо миёни Аргентина ва Британияи Кабир бар сари ҷазираҳо ва фаъолияти истихроҷи нафт “чашм мепӯшад”. Аргентина соҳибияти Британия бар ҷазираҳоро эътироф намекунад ва онҳоро Лас-Мальвинас меномад.
Аз Ғазза то масъалаи давлати Фаластин
Масъалаи Ғазза дар рӯзи дуюми ҷаласаи сатҳи баланд низ яке аз меҳварҳои асосӣ буд. Фаронса, Британияи Кабир ва Канада аз таъсиси давлати Фаластин ва роҳи ҳалли дудавлатӣ ҳимоят карданд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз идомаи ранҷи аҳолии Ғазза ва маҳдудиятҳо дар расонидани кумакҳои башардӯстона интиқод кард. Канада низ барои талошҳои марбут ба роҳи ҳалли дудавлатӣ 71 миллион доллар кумак эълон кард.
Ин масъала дар пасманзари баҳси шадиди байналмилалӣ дар бораи нақши СММ дар ҷанги Ғазза сурат мегирад.
“Ал-Ҷазира” дар таҳлили худ қайд мекунад, ки афзоиши таниш миёни СММ ва Исроил ҳамчунин ба маҳдуд будани нақши Шӯрои Амният вобаста аст. ИМА аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ борҳо аз ҳуқуқи вето барои пешгирӣ аз қабули қарорҳои марбут ба Ғазза истифода кардааст.
Ояндаи худи СММ низ баррасӣ шуд
Яке аз муҳимтарин мавзуъҳои ин ҷаласа ояндаи худи Созмони Милали Муттаҳид буд. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи 22-юми сентябр дар суханронии ниҳоии худ дар ин мақом гуфт, ки ҷаҳон бо чаҳор “имтиҳони қудрат” рӯбарӯст: ҷангу сулҳ, нобаробарӣ, тағйири иқлим ва зеҳни сунъӣ.
Ӯ ҳамчунин ислоҳи Шӯрои Амниятро талаб карда, набудани намояндагии доимии Африқоро “ғайри қобили дифоъ” номид.
Гутерриш ҳамчунин аз кишварҳо хост барои зеҳни сунъӣ механизми байналмилалии идоракунии хатарҳо таъсис диҳанд ва назорати мустақил бар ин технология вуҷуд дошта бошад.
Ҷаласаи имсолаи Маҷмаи умумии СММ дар замоне мегузарад, ки чанд буҳрони бузург ба ҳам пайвастаанд. Ховари Миёна меҳвари асосии баҳсҳо аст, аммо дар баробари он ҷанги Украина, тағйири иқлим, зеҳни сунъӣ ва буҳрони эътимод ба ниҳодҳои байналмилалӣ низ дар марказ қарор доранд.
Суханрониҳои 23 сентябр махсусан як зиддияти муҳимро нишон доданд: аз як тараф, раҳбарон аз зарурати дипломатия ва ҳамкорӣ мегӯянд; аз тарафи дигар, таҳдидҳои низомӣ, таҳримҳо ва низоъҳои мусаллаҳона идома доранд.
